Arzon march 2024
Хоб бинӣ, ки хонаатро фурӯхтаӣ, муфлису бенаво мешавӣ?
22.10.2024
ОИЛА.ТҶ
944

Салом! Ман ду шаб пай дар пай хоб дидам, ки хонаамро фурӯхта, баъд пушаймон шудаам. Ҳарчанд пулро баргардониданӣ мешудам, соҳиби нави хона қабул намекард, ман бошам, ҳеҷ намехостам, ки манзиламро тарк намоям. Ба чанд кас хобамро гуфтам, вале таъбир карда натавонистанд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

МИРАЛӢ, аз н. Восеъ

Посух:

Фурӯхтани хона дар хоб таъбирҳои гуногун дошта метавонад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, шахс хоб бинад, ки хонаашро фурӯхтааст, меҳру муҳаббати одамони наздикашро бо пулу моли дунёӣ иваз карда хилофи арзишҳои оилавӣ амал мекунад ва одамони наздикаш аз вай дилмонда мешаванд.

Дар хоб хонаи бегонаро бе розигии соҳибаш ба каси дигар фурӯхтан фоли нек набуда, аз нокомии шахси хобдида дар ҳаёт гувоҳӣ медиҳад. Кас хоб бинад, ки хонаашро фурӯхта, баъд аз кори кардаи худ сахт пушаймон шудааст, дар ҷодаи ишқумуҳаббат бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад ва навмед мешавад.

Ғайбдони машҳур Ванга таъкид кардааст, ки вақте кас хоб мебинад, ки хонаашро фурӯхтааст, бояд хеле эҳтиёт бошад ва ба ҳар хел амалҳои шубҳанок, ки ба пулу мол вобастагӣ доранд, даст назанад. Дар акси ҳол саломатӣ ё пулу моли худро аз даст додан мумкин аст.

Аммо мувофиқи хобномаи исломӣ фурӯхтани хона дар хоб фоли нек буда, ба зиёд шудани давлату сарвати шахси хобдида ишорат мекунад. Хонаи худро фурӯхта, баъд пушаймон шудан бошад, як навъ огоҳӣ аст, ки шахси хобдида нисбат ба дороиҳое, ки дорад, бепарвоӣ зоҳир накунад ва пулу молашро беҳуда сарф насозад, вагарна пушаймон шуданаш имкон дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД