Arzon march 2024
Хоҳарамро ба ҷӯраи духтарбозам ба занӣ диҳам?
04.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1417

Як дӯсти ман ба хоҳарам хостгор шудааст. Солҳои зиёд бо ӯ дӯстӣ дорам, дар Русия якҷоя будем. Медонам, ки бисёр духтарбоз аст, вале ба ман ваъда дод, ки баъди издивоҷ бо хоҳарам дигар бо роҳи хато намеравад. Лутфан бигӯед, ки оё издивоҷи зани муъмина бо марди зинокор ҷоиз аст?

ШАМШОД, ш. Исфара

Посух:

- Агар зинокор холисона тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба кунад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас бегумон ба шоистагӣ назди Аллоҳ бозмегардад» (Сураи Фурқон: 68-71).

Агар (марди зинокор) тавба кунад, метавонад бо зани муъмина издивоҷ намояд. Агар зинокор тавба кунад, бояд гуноҳони худро бипӯшонад ва онро ошкор накунад. Шумо ҳам гуноҳи дӯстатонро пӯшонед, дар бораи рафтори ӯ ба хоҳаратон ҳарф назанед, чун дар рӯзгори онҳо сардӣ пайдо нашавад. Кош дӯстатон баъди тавба кардан бо хоҳари шумо зиндагии хуб шуруъ кунад. Худованд бахшанда аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД