formula feb 2025
Хоҳарам аз шавҳараш ҷудо шуду балои ҷонамон гашт
13.02.2025
Оила
1194

Салом! Аслан бадгӯӣ кардан дар ҳаққи фарзанди падар аз рӯйи одамгарӣ нест, вале рафтори хоҳарам маро маҷбур намуд, ки мушкили худро навишта аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам. Ману ҳамсарам Замира ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат хонадор шудаем. Занам духтари хуб ва дидадарою ҳунарманд буда, ҳамеша иззату эҳтироми ману пайвандонамро ба ҷо меорад ва аз дилу ҷон хизмати аҳли оилаамонро мекунад. Солҳои аввали зиндагиамон муносибати модарам бо ҳамсарам хуб буд, ҳамеша дар ҳаққаш дуои нек менамуданд ва Замираро дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо таъриф карда мегуфтанд, ки аз келинашон сад дар сад розӣ ҳастанд, вале аз вақте ки хоҳарам Саида аз шавҳараш ҷудо шуда бо ду кӯдакаш ба хонаи мо баргашт, зани ман якбора дар назари аҳли оила бад шуд. Гап дар сари он аст, ки хоҳарам бо Замира муросо кардан намехоҳад ва баҳудаю беҳуда ба корҳои ҳамсарам эрод гирифта, модарамро шӯр меандозад. Чанд бор ба хубӣ фаҳмондам, ки ин рафторашро бас кунад ва дигар келину хушдоманро ҷанг наандозад, аммо хоҳарам худро ба шаттоҳӣ зада, доду фиғон бардошта, маро занкалон ва латта номид. Ҷони ҳамсарам ба лабаш расидааст, метарсам, ки аз рӯйи хоҳарам як рӯз не, як рӯз хонавайрон мешаваму кӯдакаонам зиндаятим мешаванд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? С. М

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД