arzon replenishment
Хоҷаи Хизрро хоб бинӣ, бою бадавлат мешавӣ?
23.05.2025
Oila.tj
228

Ман пирамарди нурониеро хоб дидам, ки аз осмон мефаромад. Дар танаш либоси сабз ва лабонаш моил ба табассум буданд ва ҷониби ман даст афшонда, чизе мегуфт, вале мақсад ва чӣ гуфтанашро намефаҳмидам. Хобамро ба чанд кас гуфтам, вале таъбирашро гуфта натавонистанд. Мехоҳам рамзи ин хоби маро кушоед.

Хонандаи сомонаи Oila.tj

Посух:

- Шумо Хоҷаи Хизрро хоб дидаед. Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки Хоҷаи Хизрро хоб дидан бисёр фоли нек аст. Хоҷаи Хизр одатан пайки худовандро ба бандагонаш мерасонад. Табассум кардани Хоҷаи Хизр дар хобатон далели он аст, ки Офаридгор ба шумо хайру эҳсони бузург менамояд. Афроде, ки ин пайки Ҳақро хоб мебинанд, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасанд. Одами камбағал Хоҷаи Хизрро хоби нек бинад, бой мешавад, бемор бошад, шифо меёбад, бе фарзанд соҳиби фарзанд мегардад, умуман дар ҳаёти одами хобдида дигаргуниҳои хурсандибахш рӯй медиҳанд.

“Хонаи Худо”-ро зиёрат намудан низ аз зумраи ҳамон хушхабарҳоест, ки Худованд дар хобашон ба василаи Хизр ба бандагони дӯстдоштааш расондан мехоҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки шарафи ҳоҷӣ шудан шуморо насиб гардад. Хайру эҳсон намуданро фаромӯш накунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД