Толеъномаи 28 ноябри соли 2026
Ҳамал (Овен)
Имрӯз дар ҳаёти шахсиатон рӯйдодҳои ғайричашмдошт ва хушоянд рух дода метавонанд. Кӯшиш кунед вақти бештарро бо наздикон ва дӯстон гузаронед. Ба аҳли оила меҳру муҳаббат ва эҳтироми худро ошкоро баён намоед. Дар кор аз ҳад зиёд масъулият ба дӯш нагиред, то хаста нашавед. Барои ҳифзи вазъи молиявӣ бо одамони боэътимод ҳамкорӣ кунед. Агар нияти кам кардани вазн дошта бошед, ба ғизо ва машқҳои ҷисмонӣ диққат диҳед.
Савр (Телец)
Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона, вохӯриҳо ва сафарҳои кӯтоҳ рӯзи мусоид аст. Эҳтимол, бештар ба меҳрубонӣ ва муошират ниёз пайдо кунед. Аммо кӯшиш намоед асабониятро идора карда, бо наздикон муомилаи хуб дошта бошед. Дар масъалаҳои корӣ аз қабули қарорҳои шитобкорона худдорӣ кунед. Маблағи бадастовардаатонро сарфа намуда, аз роҳҳои ғайриқонунӣ пул кор карданро фикр ҳам накунед. Барои кам кардани вазн бошад, беҳтараш вақти муносибтарро интихоб кунед.
Ҷавзо (Близнецы)
Имрӯз беҳтараш дар баъзе масъалаҳо ташаббусро ба шарики худ вогузор кунед ва ба ӯ эътимод дошта бошед. Дар ҳалли мушкилот танҳо ба кумаки наздикон умед набандед, балки бештар ба неру ва имкониятҳои худ такя кунед. Дар кор заҳмати зиёд талаб карда мешавад, аммо натиҷаи хуб дер намемонад. Аз пешниҳодҳои шубҳаноки даромади осон эҳтиёт шавед, эҳтимол фиребгарон бошанд. Барои беҳтар кардани саломатӣ ба шиноварӣ машғул шудан муфид аст.
Саратон (Рак)
Имрӯз эҳсосоти худро идора кунед ва дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон аз суханони сахт худдорӣ намоед, зеро баъдтар пушаймон шуданатон мумкин аст. Наздикон дар лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ мекунанд, бинобар ин меҳру таваҷҷуҳи онҳоро фаромӯш накунед. Давраи душвори зиндагӣ тадриҷан паси сар мешавад ва заҳматҳои пешинаатон самара медиҳанд. Дар корҳои эҷодӣ, варзиш ва сафарҳои корӣ муваффақият интизор аст. Ба ғизои зиёд ва пурхӯрӣ майл накунед.
Асад (Лев)
Имрӯз эҳтимол бо шахсе шинос мешавед, ки аз ҷиҳати фикру ҷаҳонбинӣ ба шумо наздик аст. Барои ҷалби таваҷҷуҳи ӯ метавонед намуди зоҳирии худро каме тағйир диҳед. Бо шахси дӯстдоштаатон дар бораи ояндаи муносибатҳо суҳбати ҷиддӣ анҷом диҳед. Дар ҷойи кор ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботро ба тартиб оварда, ба санҷишҳои эҳтимолӣ омода бошед. Имконияти беҳтар кардани вазъи молиявӣ низ вуҷуд дорад. Ҳангоми гузаштан аз роҳ эҳтиёткор бошед.
Сунбула (Дева)
Имрӯз барои мустаҳкам шудани муносибатҳои оилавӣ ва пайдо кардани ишқи нав рӯзи мусоид аст. Шумо метавонед бо аҳли оила вақти хуш гузаронида, масъалаҳои муҳим ва нақшаҳои ояндаро муҳокима кунед. Дар ҷойи кор ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда ва анҷом додани корҳои нотамом зарур мешавад. Натарсед ва ба қобилиятҳои худ бовар кунед, зеро имкониятҳои хуб дар пешанд. Ҳамчунин, аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Мизон (Весы)
Имрӯз бештар ба ҳиссиёти худ гӯш диҳед ва барои амалӣ кардани ниятҳоятон ҷуръат нишон диҳед. Агар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон каме сард шуда бошад, барои беҳтар кардани он талош кунед. Эҳтимол, ҳисси пешбинии шумо дар ҳалли баъзе масъалаҳои душвор кумак расонад. Ҳамчунин, имкони беҳтар кардани вазъи молиявӣ ва пешгирӣ аз амалҳои рақибон вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, дар бозиҳои пулакӣ аз таваккали зиёд худдорӣ кунед. Ба ғизои тезу шӯр низ камтар рӯ биёред.
Ақраб (Скорпион)
Агар имкон бошад, рӯзҳои истироҳатро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Агар дар муносибатҳоятон нофаҳмӣ пайдо шуда бошад, вақти муносибест, ки сабаби онро муайян ва ислоҳ кунед. Аз атрофиён талаботи аз ҳад зиёд надошта бошед ва беасос онҳоро сарзаниш накунед. Барои рушди шахсӣ бештар китобҳои илмиву маърифатӣ мутолиа кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ аз пайи даромади зуд ва сарватмандшавӣ нашавед. Ба саломатӣ диққат дода, аз ҷойҳои серодам эҳтиёт кунед.
Қавс (Стрелец)
Дар ҳаёти шахсиатон эҳтимол муносибатҳои нави ошиқона оғоз шаванд. Шояд шахси мувофиқ аллакай дар паҳлуятон бошад, аммо шумо ҳанӯз ба ин аҳамият надодаед. Нимаи дуюми рӯз масъалаҳои марбут ба фарзандон ва муносибатҳои оилавӣ метавонанд боиси баҳсу нофаҳмӣ шаванд. Дар иҷрои корҳо пайдарпай ва боандеша бошед, аз шитобкорӣ худдорӣ намоед. Барои корҳои муҳим аз таваккали молиявӣ дурӣ ҷӯед. Агар худро хаста ё парешон ҳис кунед, хуб истироҳат намоед.
Ҷаддӣ (Козерог)
Имрӯз барои беҳтар кардани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон бештар таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир кунед. Суҳбатҳои самимӣ ва ҳатто як туҳфаи хурд метавонанд муносибатҳоро гармтар созанд. Дар баҳсу мунозираҳо суханҳои шумо таъсирбахш хоҳанд буд ва вазъи оилавӣ низ беҳтар мешавад. Дар кор аз пешниҳоди фикрҳои нав натарсед, роҳбарият метавонад онҳоро дастгирӣ кунад. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед, маблағро беҳуда сарф накунед. Аз ишқбозии сабук низ зиёд ҳавас накунед.
Далв (Водолей)
Имрӯз дар муносибат бо дӯстдоштаатон баъзе мушкилот пеш омада метавонанд. Барои ҳалли онҳо шитоб накунед ва аз шиносоии нав низ беҳтараш худдорӣ намоед. Агар корҳои таъҷилӣ дошта бошед, онҳоро то нисфирӯзӣ анҷом диҳед, зеро бегоҳ эҳтимол меҳмон ояд. Ба ҳар маълумоте, ки мешунавед, бовар накунед, то ба иштибоҳ роҳ надиҳед. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯз метавонад бобарор бошад: эҳтимоли даромади ғайричашмдошт ё пайдо кардани ашёи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Субҳгоҳон кӯшиш кунед ба андешаҳои манфӣ дода нашавед.
Ҳут (Рыбы)
Имрӯз дар вуҷуди шумо меҳру муҳаббат ва саховатмандӣ зиёд мешавад ва мехоҳед онро бо атрофиён тақсим кунед. Рӯз барои корҳои хона, таъмир, иваз кардани ҷойи мебел ва хариди ашёи зарурӣ мувофиқ аст. Эҳтимол маошатон зиёд шавад, аммо дар баробари ин масъулият ва ҳаҷми коратон низ бештар мегардад. Баъзе рӯйдодҳои ғайричашмдошт метавонанд нақшаҳоятонро тағйир диҳанд. Кӯшиш кунед ба хаёлоти зиёд дода нашуда, реҷаи рӯзро риоя кунед ва корҳои ба нақша гирифтаатонро сари вақт анҷом диҳед.