Arzon march 2024
ХОҶАИ ХИЗР ЗУЛФИЯРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
09.11.2020
Р. Азимӣ
4479

 

Фиғони тифли бегуноҳ

Зулфия машғули рӯфтани оғили гов буд, ки баногоҳ садои доду фиғону бачаи хурдиаш баланд шуд. Ҷавонзан ба ташвиш афтода ҷорӯбро партофту осемасар ба берун давид. Насим дар рӯйи ҳавлӣ дар болои хок афтида, шикамашро дошта чирросзанон гиря мекард. Зулфия гумон кард, ки писарчаашро мор ё ғунда газидааст. Насимро аз замин бардошта чангу хоки сару рӯяшро тоза кард ва тану баданашро аз назар гузаронида истода пурсид:

-Бачаҷон, ба ту чӣ шуд? Барои чӣ гиря мекунӣ?

-Очаҷон, боз аммаам маро зад,-ҳиқ-ҳиқкунон ҷавоб дод писарча.

-Барои чӣ зад? Ягон гуноҳ кардагистӣ…

-Ҳеҷ гуноҳ накардаам, фақат гуфтам, ки қандчой мехӯрам,-чашмакони аз гиря сурхшудаашро молида ҷавоб дод кӯдак.

-Ҳеҷ гап не, қандчой нахӯр буд…
Зулфия бо як азоб писарчаашро ором карда ба хона даровард ва боз аз паи оғилрӯбӣ шуд. 

Алами зани бе пушту паноҳ

«Худоё, дигар тобу тавони бардоштани ғурбати ин хонаводаро надорам, худат ба ман сабру тоқат деҳ, вагарна косаи сабрам лабрез гашта, оқибат ягон фалокатро ба сар меорам. Ин дадаи кӯдако на меояд, на ягон сум пул мефиристад, ки забони ман ҳам дароз шавад. Қайниву қайсингилҳоям аз ҳисоби мо мехӯред гӯён, як бурда нонро дар тани ману фарзандонам заҳр мекунанд. Хушдоманам ба ҷойи фарзандонашро насиҳат кардан, баръакс балво медиҳад, ки ин сағераҳо аждаҳо барин мехӯранду серӣ надоранд. Фикр намекунад, ки фарзандони ман ҳам дар ин хона бегона не, кӯдакони писараш, набераҳояш, лахти ҷигараш ҳастанд, чунон гап мезанад, ки гӯё ман инҳоро аз хонаи падарам бо худ оварда бошам. Рӯзе мешуда бошад, ки ману фарзандонам як бурда нони бе ғаму бе миннат хӯрем?! Худоҷон, ҷонам ба лабам расидааст, агар ҳамин хел давом кардан гирад, оқибат худамро бо се фарзандам ба дарё мепартоям…»

Ҷавонзан хаёлан бо офаридгор гап мезаду оби дидааш беихтиёр ба рухсораҳояш шорида, рӯяшро мешуст.

Шариф ба муҳоҷират рафту….

Зулфияю Шариф ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда буданд. Солҳои аввал зиндагиашон хуб буд. Шариф ҳамсарашро пуштибонӣ карда, намегузошт, ки аҳли оила Зулфияро озор диҳанд. Хушдоманаш ҳамон солҳо ҳам пайти муносиб ёфта, гоҳ-гоҳ Зулфияро неш мезад, вале дар назди писараш ошкоро ба келин намечаспид, чунки тамоми аҳли оила аз ҳисоби Шариф мехӯрданду мепӯшиданд. Ба бахти бади Зулфия баъди панҷ сол корхонаи хориҷие, ки шавҳараш дар он ҷо кор мекард, баста шуд ва Шариф ночор рӯ ба муҳоҷират овард. Аз рӯзе, ки шавҳараш ба муҳоҷират рафт, Зулфия дар назди аҳли оила қадру манзалати худро гум кард. Акнун дар симои ҳамсари Шариф ва фарзандонаш аҳли хонадон тайёрхӯрҳои зиёдатиро дида, ҳамеша онҳоро ранҷу озор медоданд.

Қасоси хушдоман

Хушдоманаш аз аввал Зулфияро хуш надошт, зеро Шариф алорағми хоҳиши модар, ки мехост ӯро бо духтари хоҳараш хонадор кунад, баромада, дӯстдоштаи худро ба занӣ гирифт. Кампир аз ноилоҷӣ Зулфияро келин карда бошад ҳам, ҳанӯз алами ба хотири ҳамин духтар ба рӯйи ӯ по мондани писараш аз дилаш нарафта буд. Вай бар он андеша буд, ки ин духтар бо ҷодугарӣ дили писарашро ба худ гарм карда гирифт, барои ҳамин баъди ба Русия рафтани Шариф дили келинро бо заҳри забонаш хуншор намуда, ин зани пояш ба лаби гӯр расида ба таври худ аз Зулфияи «ҷодугар» қасос гирифтан мехост…

Душманони худӣ

Зулфия рӯзи дароз ғулом барин кор кунад ҳам, касе дар ин хонадон ба ӯ рӯйи хуш намедод. Хоҳаршӯйҳояш ба балвои модарашон гӯш дода, душмани ҷони янга гашта буданд ва сояи Зулфияро аз девор метарошиданд. Зулфияи табиатан пуртоқат бадгӯӣ, дашному ҳақорат ва заҳри забони хушдоману қайсингилҳояшро бо сари хам мешуниду дар ҷавоб чизе намегуфт. Тамкини келинро ҳамчун нописандӣ қабул карда, очаю духтарҳои моҷароҷӯй бештар девона мешуданд. Мехостанд коре кунанд, ки Зулфия худаш бо пойи худ аз хона баромада раваду Шарифро зани дигар диҳанд, вале ин ҳеҷ ба онҳо муяссар намегашт.

Моҷарои янгаву қайсингил

Як шом қайсингили калониаш «овози ин сағераҳои бесоҳиб сарамро ба дард даровард» гӯён, се фарзанди Зулфияро дар торикӣ аз дарвоза берун кард. Косаи сабри ҷавонзан лабрез шуда гуфт:

-Барои чӣ ба кӯдакони бегуноҳ мечаспед, охир онҳо ягон кори бад накардаанд-ку!

-Ту бесоҳиб боз тарафи сағераҳоятро мегирӣ-а?!-Қайсингилаш бо доду фиғон ба Зулфия часпида рӯю мӯяшро канд.

Хайрият, ки ҳамсояҳо садои доду фиғони онҳоро шунида, ба ёрӣ шитофтанд, вагарна шояд хоҳаршӯйи аҷузааш Зулфияро зада мекушт.

-Сағераҳои пурхӯратро гиру зуд аз ин ҷо дафъ шав!-Девонавор дод мезад хоҳаршӯяш.

-Ман хотири Шариф дар ин ҷо ҳастам, то шавҳарам набиёяд, поямро аз дарвоза ба берун намегузорам,-Паст наомада гуфт Зулфия.

-Акаам аз дасти ту сарашро гирифта рафт, биёяд талоқатро медиҳад,-бидиррос зад хоҳаршӯяш.

Зулфия дигар бо ин духтари беандешаи морзабон сар ба сар шуданро ба худ эб надида, кӯдаконашро гирифта ба хонаи хоби худаш даромад. Бачаҳояш то нисфи шаб нон гуфта гиря карда бошанд ҳам, бибию аммаҳои бераҳмашон ба онҳо ягон чизи хӯрданӣ надоданд ва Зулфияву фарзандонаш шиками гурусна сар ба болин ниҳоданд.

Мор дар ҷогаҳ

Қарибиҳои субҳдам Зулфия сардиеро ҳис карда аз ҷояш парида хест ва осемасар фонусро даргиронд. Дар рӯшании чароғи керосинӣ дид, ки мори калони сиёҳе ба ҷогаҳаш даромадааст. Аз тарс чунон фиғони талхе кашид, ки тамоми аҳли оила бедор шуданд. Хушдоман давида ба хонаи хоби Зулфия даромада пурсид:
-Ҳой девона, дар нисфи шаб барои чӣ ин қадар доду вой карда, хоби ҳамаро ҳаром мекунӣ?

-Очаҷон, мор! Ба ҷогаҳам мор даромадааст,-Дарақ-дарақ ларзида гуфт ҷавонзан.

-Ба назарат намудагист,-нобоварона даст афшонд модаршӯяш.

-Не, ана бинед, ба сӯйи тиреза хазида истодааст!

-Аз адир фаромадагист! Мансур, зуд белро гирифта ин балоро нест кун, боз ягонтоямонро нагазад,-Ба писари хурдиаш рӯ овард кампир.

Ин дам ба хона қайсингилаш даромад ва истеҳзоомез гуфт:

-Аз адир нафаромадааст, ман ба бачаҳо пул додам, ки ин ҷонварро дошта биёранду аз тиреза ба хона сар диҳанд, то ки ҷони ману шуморо аз ин аҷуза ва ҳаромиҳояш халос кунад, лекин ин бадзотҳоро на аждар мехӯраду на ягон бало мезанад…

Насиҳати тақдирсӯз

Косаи сабри Зулфия лабрез гашт, дигар тобу тоқати ҳатто як лаҳза дар ин ғурбатсаройи пур аз душман зистан надошт, азм кард, ки фарзандонашро монда баромада меравад ва худро ба дарё меандозад. Бо ҳамин ният таги як курта бо чашмони пуроб аз дарвоза берун шуд, вале хушдоманаш аз пасаш давида ба кӯча баромад. Зулфия гумон дошт, ки модаршӯяш ӯро аз роҳаш баргардонда, модарвор насиҳат мекунад, ки зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дорад, сабр кунад, шавҳараш имрӯз не, як рӯзи дигар бармегардаду ҳамааш хуб мешавад, вале кампир бо қошу қавоқи овезон гуфт:

-Хуб мекунӣ, ки меравӣ, дигар дар ин хона мондани ту маънӣ надорад. Шӯят ким-кай дар мулки урус зан гирифтагист. Магар мард ин қадар сол бе зан тоқат мекунад?! Рав, ба хонаи модарат раву аз паси зиндагиат шав! Албатта туро бо се сағераат дигар ягон ҷавон намегирад, чунки ҳозир мардҳо нозук шудагӣ, дилашон духтари очааш мӯчӣ накарда мехоҳад. Насиҳати маро бигирӣ, ба ягон мӯйсафеди танҳои занмурда ба шавҳар баро, баъди ду-се сол пиракӣ мемураду хонаву дараш ба ту мемонад…

Гӯшҳои Зулфия қулф заданд, вай лолу карахт гашта буд ва дигар чӣ гуфтани хушдоманашро намешунид.

-Ба ту мегӯям, ҳой, чаро ходачӯби сари гӯр барин карахт шудӣ?-Ситеза намуд модаршӯяш.

-Ман, ки дар ин хона одами зиёдатӣ бошам, майлаш баромада меравам, лекин кӯдаконро намебарам. Ман аз хонаи падарам бо худ бача наоварда будам. Онҳо ба шумо бегона не, фарзандони писаратон ҳастанд. Набераҳоятонро худатон калон кунед,-Зулфия инро гуфта азми рафтан кард.

ДАВОМ ДОРАД....
АЗ ИДОРА: ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД