Бонуе савори автобус шуд. Баробари ворид шудан ҷавоне ба ӯ ҷой дод. Бо изҳори мамнуният ба курсӣ нишаст. Зан ба назар 55-60-сола менамуд. Рухсораҳои чун гули себ шукуфонаш ҳамнаво ба тора-тора мӯйҳои барфзадааш буд, ки қисса мекард аз сафедии дилу умеду орзуҳояш. Шояд умри чунин одамон шабеҳи оби равон бошад, поку зулол...
Истгоҳи баъди як зани ба назар асабонӣ бо як кифи калони вазнин вориди автобус гашт. Чеҳрааш гирифтаю ғаме мармуз дар чашмонаш ошён карда буд. Ҳисси навмедию қаҳру ғазаб аз симояш мерехт. Вақте мехост ба курсие, ки барои ӯ холӣ карда буданд бишинад, кифи пурбораш болои бонуи пеш аз ӯ вориди автобусшуда афтод. Вале он бону ба ҷойи асабонӣ шудану дашном кардан, табассум намуд ва ҳеч вокунише нишон надод. Аз ин ҳол зани тозаворид ба тааҷҷуб афтод ва аз ӯ пурсид:
- Чаро асабонӣ нашудед? Дар ҳоле, ки метавонистед ба сарам дод занед ё сухани баде гӯед. Ман ҳар рӯз бо ин хел манзараҳо рӯ ба рӯ мешавам. Авалин бор аст, ки бо шумо барин одами хубу меҳрубон рӯ ба рӯ меоям. Ҳар рӯзе, ки ба атроф менигарам ягон одами хуб ба чашмам наметобад. Ё шаҳр сокинони хубашро аз чашми ман пинҳон месозад?
Бо шунидани ин сухан лабханде даври лабони бону гул кард:
-Ҳаёти мо инсонҳо аҷиб аст, вале тасодуфи нест, - ба гап даромад, ӯ, - балки он инъикоси аъмоли худи мост. Ҳар амалеро, ки нисбати дигарон раво мебинем, ба худамон бармегардад. Меҳрубон бошем, меҳрубонӣ мебинем, бад бошем, бадӣ.
Суханҳои он бону бисёр зебо садо медоданд. Бо шеваи ширин вожаҳоро мисли марворид мечид . Ба зиндагӣ нигоҳи ҳикматомез дошт. Муомилааш гарму ҳарфаш боҳикмат, нигоҳаш ҷаззобу дилнишин, садояш чун абрешим мулоим. Гӯё Худованд ӯро маҳз барои гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек офарида бошад.
Он бонуи босафою меҳрубон суханашро идома дод:
- Ниёзе ба баҳсу мунозира намебинам. Вақт зудгузару умр кутоҳ аст, хароб карданаш бо баҳсу бахилию хашму кина исрофи вақту энержист. Сафари мо ҳам хеле кутоҳ аст ва ман истгоҳи баъди мефароям...
Гулбаҳор РАҲМОНОВА