Салом! Ман як марди муҳоҷири тоҷик, мехоҳам сарнавишти талхамро нақл кунам, то каме ҳам бошад, дилам аз бори ғаму дард сабуктар гардад.
Муддати 7 сол мешаванд, ки ҳамроҳи падар ва ду бародарам дар Тюмен кор мекунем. Маълумоти олӣ надорем, дар соҳаи сохтмон кор карда, ризқу рӯзии аҳли оилаамонро бо меҳнати ҳалол ба даст меорем. Албатта дар ҳавои беш аз 40 дараҷа хунук дар сохтмон кор кардан осон нест, вале ба хотири он ки аҳли оилаамон аз чизе танқисӣ накашанд, ба ҳама душвориҳои мулки ғурбат тоб оварда, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат мекардем, аммо...
Ростӣ, як духтараки русро дӯст медоштам, лекин модарам зид баромаданд ва “ман девона нашудаам, ки аз миллати бегона келин кунам” гӯён, арӯси табъи дили худашонро ёфта, маросими фотиҳаро бе розигии ман гузаронданд. Модар розӣ бошад, Худо ҳам розӣ гуфта, мани сода ҳатто як бор ҳам бо арӯсшаванда вонахӯрда, дар тарадуди тӯй шудам.
Волидони арӯс 40 ҳазор сомонӣ қалин талаб кардаанд. Чизе нагуфта, маблағи фармудаашонро равон кардам, чунки духтари қуръонхон ва боодоб аст гуфта, зиёд таърифаш мекарданд.
Хулоса, сарфу хароҷоти бисёре карда, бо тӯю тамошо арӯсро ба хона овардем. Аввалҳо ҳамсарам дар ҳақиқат духтари бамаънӣ менамуд. Падару модарамро ҳурмату эҳтиром мекард, аз хати кашидаи ман берун намебаромад, ба қавле панҷ панҷаш ҳунар буд ва хӯрокҳои лаззиз мепухт. Албатта мисли ҳар як ҷавони нав хонадоршуда ман худро хушбахттарин марди дунё эҳсос карда, Худоро шукр мегуфтам, ки чунин зани худотарсу боимонро насибам гардонд, вале...
Аз байн 5-6 сол гузашт. Дар ин миён мо соҳиби се фарзанди мисли гул зебо гаштем. Дигар муҳоҷирон дар як моҳ ба хонаашон 5-6 ҳазор рулби русӣ равон кунанд, ман ҳар моҳ ба ҳамсарам 15-20 ҳазор равон мекардам, то ки аз чизе танқисӣ накашанд. Модарам ҳар дафъа келинашро мисли наварӯсе, ки ба талбон меравад, бо кулчаву тӯша ва туҳфаҳои бисёр ба хонаи падару модараш бурда меовард. Занам либоси пеши бозорро мепӯшид ва гули чизро мехӯрд. Ба ҷойи ӯ каси дигар мебуд, Худоро шукр мегуфт, ки чунин зиндагии серу пури хушбахтона насибаш гаштааст. Аммо ҳамсари беақли ман коре кард, ки сари маро дар назди мардум паст намуда, ҳаёти худи ӯ ва се кӯдаки бегуноҳамонро сӯзонд. Вай ба ман хиёнат карда, обрӯямро дар байни халқ резонд. Агар хиёнати занамро каси дигар мегуфт, бовар намекардам, вале модарам ӯро бо марди бегона дошт.
Вақте ки ин хабари шум ба гӯшам расид, гумон кардам, ки якбора ба дилам сад корд заданд. Замину осмон дар назарам тираву тор гашт ва тариқи телефон ҷавоби занамро додам. Ба модарам гуфтам, ки як мех ҳам намонда, тамоми чизу чораи хонаро ба мошин бор карда, келини хиёнаткорашро ба хонаи падару модараш бурда монад.
Занам аввал зор-зор гиря карда бошад ҳам, баъди чанд вақт касе ба ӯ гап нишон дод ва ба суд ариза навишта, хона талаб кард. Маҷбур шудам, ки корамро партофта, ба Тоҷикистон равам. Вақте ки хиёнати занамро дар суд ошкор намудам, ҳама гиребон гирифтанд, ки наход зан ба рӯйи чунин шавҳар ва зиндагии ширину се фарзандаш по гузошта, даст ба чунин кор занад.
Хулласи калом, ба занам гуфтам, ки агар зӯраш нарасад, бачаҳоямро диҳад, худам онҳоро нигоҳубин мекунам, вале ба умеди хона нашавад. Ман ба зане, ки обрӯямро дар байни мардум як пули пучак кард, ҳеҷ гоҳ хона намехарам. Ҳамсари хиёнаткорам аввал воҳима кард, ки бе кӯмаки ман фарзандонашро калон мекунад, аммо аз байн як сол ҳам нагузашта, парастории кӯдакон барояш душворӣ кард ва зани сеюм ё чоруми кадом марди ҳавасбозе шуда, бачаҳоро ба хонаи модарам оварда партофта рафт.
Хиёнати занам маро аз зиндагӣ сахт дилмонда сохта буд, аммо бо мурури вақт оҳиста-оҳиста ба худ омадам ва дубора оиладор шудам. Айни замон аз ҳамсари дуюмам як фарзанд дорам. Ин занам зоҳиран одами бад наметобад ва фарзандони маро мисли фарзанди худ парасторӣ менамояд, вале росташро гӯям, дигар ба ҷинси зан бовар надорам. Хиёнати зани якумам мисли захми носур дар дилам боқӣ монда, то ба имрӯз маро ором намегузорад.
Ба занони тоҷик гуфтаниям, ки шавҳарони шумо ба хотири оила ва ҳамсару фарзандони худ дар мулки мардум садҳо ранҷу азоб мекашанд.
Ба қадри мардони муҳоҷир бирасед ва ҳаргиз хиёнатро нисбати шавҳар равон набинед, зеро барои марди муҳоҷир хиёнат кардани занаш аз марг ҳам сахттар аст!
Ш. Д., аз Тюмен