Ману шавҳарам зиндагии ором доштем, вале шабе шавҳарам хоб буду ба телефонаш паёмак омадан гирифт. Ба дилам шубҳаву гумонҳо роҳ ёфтанд ва телефони ӯро гирифта, ба паёмакҳо назар кардам.
Духтараки ҷавоне аксҳои урёни худро фиристода буд. Ҳушам канд. Субҳ аз шавҳарам пурсон шудам, ки он духтараки урён кист? Шавҳарам шарм карда гуфт, ки «аҳамият нате, шояд ягон кас душманӣ карда, фиристода бошад». Ман ҳам дигар аҳамият надодам. Аммо баъд аз ду рӯз ба телефони худам аксҳои нимурёни шавҳарам бо он духтараки бешарм интиқол гардид.
Асабам вайрон шуду ба рақами интиқолшуда занг задам. Овози маҳине лаббай гуфт. Ба хубӣ гуфтам, ки «хоҳар, ту мусулмон ҳастӣ? Дар ин моҳи шарифи Рамазон магар шарм намедорӣ?»
-Ман ку шарм медорам, аммо туи безурёт чӣ ин қадар Орифро ғам медиҳӣ? Парто ӯро, ман барояш шоҳписар таваллуд мекунам,-гуфт он духтар.
Аз ин гапҳояш хун ба сарам зада, гуфтам, ки мо соҳиби се шоҳписар ҳастем. Баъди ин ҳодиса духтар дигар занг назад, вале дарк намудам, ки шавҳарам бо он духтар мегардад ва ӯро фиреб карда, гуфтааст, ки ман безурётам. Сахт ба ғазаб омада бошам ҳам, ба шавҳарам чизе нагуфтам.
Худаш дирӯз гуфт, ки «маро бубахш, он духтар як бероҳа будааст. Ба қадри ту акнун расидам». Оҳи сабуке кашидам. Фикр кардам, ки агар ҳамон лаҳза қаҳр мекардам, оқибаташ безеб мешуд. Ба шумо ҳам хоҳарони қандам, тавсия медиҳам, ки дар чунин ҳолатҳо ҳамеша сабрро пешаи худ намоед.
Ш