Arzon march 2024
Хайрият ҳамкурсамро нагирифтам, вагарна...
12.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1507

Ассалому алейкум бародарону хоҳарони гиромӣ! Ман номаҳои пурдарди шуморо мехонаму ғамгин мешавам. Аслан, ман одами позитив ҳастам, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки таваккал ба Худованд кунаму барои ҳар гапу кор зиқ нашавам.

Духтареро баробари ҷонам дӯст доштам. Аммо модарам гуфт, ки “бачам, ин духтар одати қаҳркунӣ ва гапгардонӣ дорад. Агар хоҳӣ, ки хушбахт шавӣ, ӯро фаромӯш кун”. Ҳамин тавр, духтари писандидаи модарамро интихоб кардам.

Ҳоло соҳиби ду писарчаи дӯстрӯ ҳастам. Он духтари ҳамкурсам, ки дӯсташ медоштам, ҳар рӯз бо хушдоманаш ҷанҷол мекунад, ҳоло дар хонаи падараш аст. Акнун фаҳмидам, ки гапи модарам аз рӯйи дилсӯзӣ будааст.

Чанде қабл ба муҳоҷират рафтаму ба садама дучор шуда, як поям маъюби якумра гашт. Омадам ба Ватан. Ҳоло ба мӯзадӯзӣ машғулам. Ҳамсарам дӯзандаи хубест. Зиндагиам оҳиста-оҳиста ширину гуворо рафта истодааст. Ҳар шому саҳару нисфирӯзӣ сари хони тоҷикӣ шукри як бурда кулчаву чаппотиро карда, аз Худованд миннатдор мешавам, ки чунин зани солеҳаро насибам гардонидааст. Борҳо бе ягон баҳона сари қаҳрам ӯро ранҷонидаам, аммо гашта ба рӯям нигоҳ накардааст.

Зиндагӣ вазниниву сабуриро мехоҳад. Ҳам марду ҳам зан бояд сабур бошанд.

В., “Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД