arzon replenishment
Хатои зани раис Қисми 3
2135

 

Дар ин байн Дилдода ҳомила шуда буд, аммо касе дарак надошт. Нав ин хабарро гуфтани буд, ки Азизи аз рафтори хушдомани беандешааш ҷигархун гашта ӯро талоқ дода, аз хона баромада рафт.

Сабрина хурсандона ба духтараш нигариста “шукр кун, ки аз ин домоди сагалдаки кӯрнамак халос шудем. Ман туро ба беҳтарин ҷавони сарватманд медиҳам” гӯён, табассум кард, вале Дилдода “чаро ин тавр кардед. Ман ӯро дуст медорам. Хушу хурсандона зиндагӣ карда истода будем-ку” гӯён, гиря кард.
-Эй ту ҳам падарат барин, фақат гадоҳои покандаро дӯст медорӣ,-рӯй турш кард Сабрина....
Дилдода аз ин суханони модараш сахт ранҷида зери лаб пичирросзанон “Нав фаҳмидам чашми шуморо фақат хоки...” гуфт, вале гапаш аз даҳонаш набаромада Сабрина ба рӯйи духтараш як шаппотӣ зад ва бо чашмони оташгирифта ӯро ба замин хобонда, девонавор чунон лағалкӯб кард, ки ногуфтанӣ.
Дилдода фақат шикамашро қаппида “кӯдакам, кӯдакамро кеуштед” мегуфту халос.
ххххххх
Сабрина танҳо ҳамон вақт ба худ омад, ки хун зери пойи духтараш ҷӯя кашида, азҳуш рафт. Вақте Дилдодаро ба духтур бурданд, воқеан тифлаки сеҳафтинааш дар батнаш мурда буд. Сабрина гуноҳашро донад ҳам, марги тифли номуродро ба гардани домоди камбағалаш зад.
хххххх
Аз байн як сол гузашт ва Дилдодаро модараш ба як марди сарватманд ба шавҳар дод. Домоди бой Сарвар ном дошта, аз кибру ғурураш ҳамагон дар ҳазар буданд. Сарвар қариб ҳар рӯз нӯшида меомад ва бе ягон сабаб Дилдодаро зери мушту лагад мегирифт. Рӯзҳое шуданд, ки шавҳари пулдораш дар чиллаи зимистон келинчакро аз дар берун кард. Ҳар боре, ки Дилдода аз шартаахӯриаш ба модараш гӯяд, Сабринаи дар ишқи пулу мол кӯргашта чашмонашро бозӣ доронда истода “сабр кун, ҳамааш нағз мешавад. Тамоми сарваташ ба дастат мегузарад. Ман модарат ҳастам ва хуб зиндагӣ кунӣ мегуям-да” гуфта, духтарашро ба пуртоқатӣ даъват мекард.
Рӯзе боз Сарвар арақ нӯшида омаду девонавор Дилдодаро зери мушту галад гирифт. Вай бо тамоми қувват ба пойҳои занаш зада, Дилдодаро маъюб кард. Дилдода аз шиддати дард беҳуш шуд ва ҳамсояҳо ӯро ба духтур бурда, ба модараш хабар доданд.
хххххх
Сарвар, ки аз меъёр ки зиёд нӯшида буд, баъди лату кӯби бераҳмонаи Дилдода дарро аз дарун маҳкамкарда, сари аз таъсири шароб дамкардаашро ба болин ниҳод ва бо ҳамин дигар чашм накушод. Дили ин марди бадмаст дар хобаш аз кор монда, мурда буд. Ҷасади ӯро мисли ҷасади бӯгини саги бесоҳиб баъди чанд рӯз пайдо карда ба хок супурданд.
хххххх
Дилдода баъди 4 рӯз ба ҳуш омад, аммо духтурон гуфтанд, ки пойҳояш маъюб шудаанду дигар роҳ гашта наметавонад. Сабрина акнун аз корҳои кардааш ва бахти духтарашро бо дастони худ сӯхтанаш пушаймон шуда буд, вале пушаймонӣ дигар суде надошт.
Рӯзҳо турнасон мегузаштанд. Дилдодаи нозанин акнун дар аробачаи маъюбӣ умрашро мегузаронд ва Сабрина аз ғами духтари маъюбаш оқибат ба бемории саратон гирифтор шуд. Ӯ як орзу дошт, мехост як бори дигар Азизро бинад ва барои азобҳои додааш аз домодаш маъзарат хоҳад. Билохира чунин ҳам шуд. Азиз аз моҷаро огоҳ шуда, рӯзе ба хабаргирии завҷааш омад. Сабрина он лаҳзаҳо дар талвосаи ҷонканӣ буд. Азизро дида мехост бахшиш пурсад, вале забонаш аллакай аз гап монда буд ва танҳобо нигоҳи чашмони маҳзун ва пуробаш пиҳилӣ пурсиду ҷон ба ҳақ таслим намуд.
ххххххх
Баъди гӯру чӯби Сабрина, Азиз Дилдодаро ба хориҷа барои табобат бурд. Пас аз табобати бардавом ниҳоят Дилдода аз нав ба роҳ даромад. Пас аз се сол онҳо соҳиби кӯдак шуданд. Акнун ин ҷуфти зебо хурсандона зиндагӣ доранд. Дилдода ҳар гоҳ гузаштаро ба ёд оварда “модарам агар аз аввал бо Шумо чунин муомила намекарданд, шояд ин қадар азобу уқубат ба сарамон намеомад” гӯяд, Азиз “занакҷон, ин тавр нагӯй, худо дар тақдири инсон чизе, ки навишта бошад, онро нодида имкон надорад. Чизе, ки аз азал мешуд, шуд. Мо бояд фақат панд гиирфта, аз ин пас хушбахтона зиндаӣ кунем ва ба дигарон дасти мадад дароз намоем” гӯён,ҳамсарашро тасаллӣ медиҳад ва ҳар моҳ ба арвоҳи хусуру хушдоманаш ягон хайр мекунад. Зиндагӣ ҳаимн аст, охир беҳуда нагуфтаанд:
Чунин аст расми саройи дурушт,
Гаҳе рӯйи зину гаҳе зин ба пушт!
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД