Arzon march 2024
Хатои телефонӣ балои ҷонам шуд
01.12.2024
ОИЛА.ТҶ
2187

Ман як зани соҳибмаълумот ва модари ду фарзанди дӯстрӯй ҳастам. Дар мактаб муаллима шуда кор мекунам. Шавҳарам марди меҳрубон ва зебо асту бо тақозои зиндагӣ мисли дигар ҷавонмардони тоҷик аз пайи ризқу рӯзӣ ба Русия рафта меояд.

Рӯзе ба хоҳарам занг заданӣ шуда, аз саросемагӣ як рақамро хато чидаам. Аз он ҷониб марде “лаббай” гуфт. Худро гум карда, канда-канда гуфтам: “Бубахшед, ман хато кардам.” Ҷавонмард “ҳеҷ гап не” гӯён, гӯширо хомӯш кард, вале соатҳои 10-и шаб боз аз ҳамон рақам ба телефони ман занг омад. Гумон кардам, ки ин дафъа ҷавон хато кардааст, вале ба ҳар ҳол гӯширо бардоштам. Шиноси ношиносам ба ман чунон суханҳои ширине гуфт, ки обу адо шуда, зани шавҳардор буданамро фаромӯш кардам. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем. Иқрор нашудам, ки оилаю ду фарзанд дорам. Ошиқам то ҳол гумон мекунад, ки духтараки ҳанӯз шавҳар накардаам. Вай девонавор ба ман дил баста, ҳар рӯз бароям ягон туҳфа мефиристад. Мегӯяд, ки ман ҳаётамро бе ту дигар тасаввур карда наметавонам. Чанд бор ӯро дашному ҳақорат кардам, гапҳои қабеҳ задам, то дилаш аз ман монад, вале меҳраш торафт зиёдтар мешаваду кам не. Вай домони маро раҳо карданӣ нест.

Дирӯз бо шавҳарам телефонӣ суҳбат доштам. Гуфт, ки имсол кораш чандон хуб нест ва ду-се моҳи дигар истода, ба хона бармегардад. Метарсам, ки суҳбатҳои телефонии ман бо ин ҷавони ношинос боиси беобрӯ ва хонавайрон гаштанам мешавад.

Бо он ҷавон чақ-чақ карда, ман ҳеҷ гумон надоштам, ки вай ба ман ин қадар сахт дил мебандад. Хатои ман ҳамин буд, ки шавҳардор буданамро аз аввал нагуфтам, акнун дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, намедонам чӣ хел аз ошиқи шилқин халос шавам.

Аз кори кардаам сахт пушаймон ҳастам, аммо намедонам чӣ тавр хатои худро ислоҳ намоям.

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД