goodwell
Хатлон: китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳин баъди бозсозӣ ифтитоҳ гардид
04.09.2026
Oila.tj
187

Имрӯз, 4-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон соли 2011 таъсис ёфта, ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2026-2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 7 миллион сомонӣ пурра таъмиру навсозӣ гардидааст.

Дар ин маркази бузурги илму фарҳанг зиёда аз 400 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин дигар асноди иттилоотӣ нигоҳдорӣ мешавад, ки аз ин нишондиҳанда 100 ҳазор нусхаро адабиёти бачагона ташкил медиҳад.

Толору шуъбаҳои китобхона бо технологияи муосир, аз ҷумла 100 компютер ва планшетҳои ба шабакаи интернет пайваст муҷаҳҳаз гардонида шуда, махзани рақамии китобхона 2 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки китобхона пас аз таъмиру навсозӣ ба маркази муосири инноватсионӣ табдил ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД