Чанд рӯз қабл мо аз пайдо шудани ҷасади як духтари ноболиғ аз кӯҳҳои Левакант хабар дода будем. Санаи 13-апрел дастаи махсуси раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон аз баландии беш аз 2 ҳазор метр аз як кӯҳи атрофи деҳаи Зағертии ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант ҷасади боз як ҷавонзани 23-соларо пайдо карда, тавассути пайроҳаи танги шашкилометрӣ пойин овардаанд.
Дар ин ҳафта ин аллакай дуюмин ҷасад аст, ки аз кӯҳҳои атрофи Зағертӣ пайдо шудааст. Рӯзи 12 апрел наҷотбахшон аз баландии 1500 метр ҷасади як духтари 16-солаи сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пайдо карда буданд. Ҷавонзани ҷасадаш рӯзи 13 апрел ёфтшуда низ аз ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ будааст. Тахмин меравад, ки ҳарду ҳамшира, яъне апаву хоҳар будаанд.
Сабаби марги ҷавонзан ва духтари ноболиғ дар кӯҳ маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо бар асари ягон тасодуф ё гум кардани роҳ ҷон бохтаанд, худкушӣ кардаанд ваё кушта шудаанд.
Наҷотбахшон ҳарду ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Леваканд супурдаанд ва бояд акнун мақомоти тафтишотӣ сирри ҳалокати ин зану духтарро ошкор кунанд.
Ба гуфтаи сокинон, духтаре, ки рӯзи аввал ёфт шуд, хонандаи синфи 9 буда, ҳанӯз ду моҳ пеш ҳамроҳи як ҷавонзан дар кӯҳ бедарак шуда буд.
Манбаъ: Озодӣ