Formula novemver 2024
ХАТЛОН: 5000 СОМОНӢ КӮМАКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
1286

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ёвон Хуҷамурод Хуҷаевро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, аёдат кард Хуҷамурод сокини деҳаи Боғдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов буда, 26 сол дорад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо Хӯҷамурод гуфтааст, ки айни ҳол сохтмони манзили истиқоматии нав барои оилаи ӯ идома дошта, аллакай ба қисмати бомпӯши хона расидаанд.

“Давлат ҳеҷ гоҳ шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад. Пас аз пурра ба анҷом расидани сохтмони манзили зист, дар фикри барпо намудани тӯй шуда, Шуморо хонадор мекунем”, - қайд намуд зимни суҳбат бо Хуҷамурод раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода пас аз дидору мулоқот бо ин нафари дорои имконияти маҳдуд аз ҳисоби худаш ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва барои хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, картошка, пиёз, қанд ва ғайра тӯҳфа намудааст.

Вай ҳамчунин ба масъулони корхонаҳои дахлдор супориш додааст, ки сохтмони хонаи Хуҷамурод Хуҷаевро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД