arzon replenishment
“Хатлон-2” ғолиби ҷоизаи Владимир Ғуломҳайдаров шуд
02.12.2024
ОИЛА.ТҶ
329

Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни кӯдакон (U-12) барои дарёфти ҷоизаи мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров ба анҷом расид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин мусобиқа ҳашт даста ширкат карда, дар марҳилаи муқаддамотӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Пас аз ҷамъбасти бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ва ниманиҳоӣ дастаҳои МҶМОВ (Душанбе) ва «Хатлон-3» (Ҷалолиддини Балхӣ) дар рақобат барои ҷойи сеюм ба ҳам омадаанд. Дар вақти асосии вохӯрӣ ғолиб маълум нашудааст - 0:0 ва дар силсилаи пеналти футболбозони Душанбе беҳтар баромад кардаанд - 3:0.

Дар бозии финалӣ «Хатлон-2» (Кӯлоб) ва «Ҷавонон» (Ёвон) вохӯрдаанд. Дастаҳо дар вақти асосӣ ба дарвозаи ҳамдигар гол назадаанд - 0:0. Дар зарбаҳои пеналтӣ дастаи дуюми Хатлон комёбӣ ба даст овардааст.

Дар ҷамъбасти мусобиқа кумитаи тадорукот бозигарони беҳтаринро дар ҳайати дастаҳо муайян кардааст. Фарзин Карамов («Хатлон-3»), Мусъаб Ҳасанбеков (МҶМОВ), Сафиаллоҳ Мирзокаримов («Ҷавонон») ва Абдулло Юсупов («Хатлон-2») беҳтарин эътироф шудаанд.

Нишонзани беҳтарини мусобиқа Исмоил Наботов («Хатлон-3») гардидааст, ки шаш гол ба самар расонидааст. Мустафо Абдусамадов аз тими «Ҷавонон» беҳтарин бозигар дониста шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД