goodwell
Хатари фаромадани сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон
02.09.2026
Oila.tj
132

Аз 2 то 4-уми сентябр дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад.

Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз сокинон ва меҳмонони ин минтақаҳо даъват мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва ба далели эҳтимоли тағйирёбии шароити обу ҳаво ва оқибатҳои он қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД