Шахсе, ки дар шаҳри Ухани Чин бори аввал тухми коронавирусро дар тамоми ҷаҳон пошид, ёфт шуд.
Маълум шуд, ки он шахс фурӯшандаи муқимии бозори Ухан бо насаби Вэй буд. Ӯ дар бозор маҳсулоти баҳрӣ, аниқтараш харчанги хурди баҳриро мефурӯхт. Вэй солҳои дароз дар наздикии бозор сукунат дошт ва харидорони бозор ӯро хеле хуб мешинохтанд. Дар куҷо ва чӣ тавр сироят ёфтани Вэй аз коронавирус ҳанӯз норӯшан аст. Ин зани чинӣ аз беморӣ шифо ёфта, вазъиятро чунин шарҳ додааст: “11 декабри соли2019 ман худро бад ҳис кардам. Табъам баланд шуд, сулфаи бардавом маро ташвиш дод. Фикр кардам шояд зукоми муқаррари бошад, чунки қаблан низ чунин бемор шудам ва тез сиҳат мешудам.”
Эрон: Мӯйсафеди 106 сола аз коронавирус шифо ёфт
Ба беморхонае, ки ӯ муроҷиат кард, дору аз зуком тавсия доданд, аммо ягон натиҷа надод. Баъдан сӯзандору низ гузаронданд, аммо шифо наёфт. Вэй дар назди духтурони дигар беморхонаҳо низ табобат гирифт, аммо ягон натиҷаи мусбат дида нашуд. Танҳо баъд аз як ҳафта ӯ ба беморхонаи “Сехэ”-и назди донишгоҳи марказии илму технология рафт. Маҳз дар он ҷо муайян шуд, ки ӯ гирифтори бемории коронавирус аст.
Ҳукуматдорони шаҳр тавонистанд, муайян созанд, ки ин бемор тавонист 24 нафар харидорро сироят кунад ва аз байни онҳо 4 кас аъзои як хонавода будаанд. Ба ҳамин минвол вирус дар тамоми ҷой чарх зад.