Formula novemver 2024
Хар дар хоб чист: боигарӣ ё зиён?
19210


Ду шаб пай дар пай хар хоб дидам. Шаби аввал дар хобам харсавор мерафтам, шаби дигар бошад, хар ҳангос зада, ҷастухез мекард. Мегӯянд, ки хар дар хоб бигарӣ аст, вале баъзеҳо баръакс бар он ақидаанд, ки харро хоб дидан фоли бад буда, ба сари кас ягон ҳодисаи нхуш меояд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам. Илтимос, бигӯед, ки хар дар хоб чист?
Ф. Д, хонандаи Оила. ТЧ
Посух
Ҳамааш ба хоби дидаи кас вобастагӣ дорад. Одами донишманд, яъне олим харро хоб бинад, ин маънои онр дорад, ки шахси хобдида илми аз худ намудаашро дар амал истифода набурда истодааст. Худованд бо воситаи ин хоб ӯро ҳушдор медиҳад, ки донишу малакаи худро беҳуда зоэъ накарда, шогирдонро тарбия намояд ва бо корҳои судманде машғул шавад, ки ҳам ба худи ӯ ва ҳам ба дигарон фоида мерасонанд.
Дар хобатон хар ба асп табдил ёбад, бидонед, ки шуморо хушхабар ва даромади калон интизор буда, бо ёрии як шахси обрӯманд соҳиби мансаб ва ё боигарию пулу моли зиёд мешавед.
Ҳангос задани хар дар хоб фоли бад аст. Паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С) таъкид карда буданд, ки ҳар гоҳ садои ҳунгоси харро шунидед, аз шайтони лаъин ба Оллоҳ паноҳ оваред. Дар сураи Луқмон низ таъкид шудааст, ки садои аз ҳама нафратовар овози хар аст.
Хари мода, яъне мочахарро хоб бинӣ, даромади иловагӣ ба даст меорӣ, вале боигарие, ки насиби шахси хобдада мегардад, аз роҳи ҳалол ба даст наомада, метавонад боиси шармандагӣ ва рехтани обрӯяш гардад.
Хари ҷавон ва пурқувватро хоб бубинӣ, бою бадавлат мешавӣ. Хари ланг ё пиру нотавон дар хоб аз бад шудани вазъи иқтисодии шахси хобдида далолат намуда, ҳушдор медиҳад, ки он шахс камбағал ва муҳтоҷ хоҳад гашт.
Хоб бинед, ки бе ягон душворӣ ба хар савор шуда ба сафар баромадед, ягон орзуи бузургатон дар зиндагӣ ҷомаи амал мепӯшад.
Хари сафедро хоб дидан фоли нек аст. Дар хобатон хари сафед ба асп табдил ёбад, ин хоби олиҷаноб ба он ишорат менамояд, ки худи шоҳ (сарвари давлат) шуморо пуштибонӣ хоҳад кард ва дар зиндагӣ ба мақому мартабаҳои хеле баланд мерасед ё бо кӯмаки ягон одами бо обрӯ даромади хеле калон ба даст оварда, сарватманд мешавед.
Дар хобатон хар девонавор ба чор тараф давида, ҳангос занад, донед, ки душманатон аз ягон сирри пинҳнии шумо хабардор шудааст ва дар ҳаққатон овозаҳои нохуш паҳн карда, обрӯятонр резондан мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Парвиз 2023-04-08, 05:53
Ма хоб дидам ки мошинеро падарам тела медихад ва ман гуфтам ки каме дам гирад ман тела медиҳам бале гуфту ногахони мошин ба тани як мошини дигар бархӯрд ки хамон вақт мошин ба хар табдил ёфт ва ҳартараф мехост гурезад аммо ӯро қапидаги будему ман ӯро аз пойҳои ақибаш қапидаги будам тоинки маро бо шата назанад ва ногахони ба болои ман афтид ва ман мегуфтам ё Аллоҳ ё Аллоҳ
Посух
Саид 2023-06-07, 10:09
Хоб дидам Ки харро Пур аз хезум мекунам дар болои Хар савор мещавам
Посух
Фотима 2023-07-20, 09:49
Дидани Хар дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Парвиз 2023-04-08, 05:53
Ма хоб дидам ки мошинеро падарам тела медихад ва ман гуфтам ки каме дам гирад ман тела медиҳам бале гуфту ногахони мошин ба тани як мошини дигар бархӯрд ки хамон вақт мошин ба хар табдил ёфт ва ҳартараф мехост гурезад аммо ӯро қапидаги будему ман ӯро аз пойҳои ақибаш қапидаги будам тоинки маро бо шата назанад ва ногахони ба болои ман афтид ва ман мегуфтам ё Аллоҳ ё Аллоҳ
Посух
Саид 2023-06-07, 10:09
Хоб дидам Ки харро Пур аз хезум мекунам дар болои Хар савор мещавам
Посух
Фотима 2023-07-20, 09:49
Дидани Хар дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД