arzon replenishment
"Хандинкамон" сокини Душанбе шуд?
581


Салом ба кулли кормандон ва мухлисони сомонаи Оила.ТҶ!

Ман мухлиси яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Муқимҷон Абдуфаттоев ҳастам. Латифаҳои намакин ва саҳначаҳои ҷолиби инмарди ҳунар ба ман хеле писанданд. Тӯли як соли охир Муқимҷон бештар бо гурӯҳи “Арабшо” ҳамкорӣ карда истодааст.

Дар байни мардум овозае паҳн шудааст, ки Муқимҷон Абдуфаттоев гурӯҳи овозадори “Хандинкамон”-ро тарк карда ба гурӯҳи “Арабшо” мегузарад. Мехостам бидонам, ки ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад? Ҷавоҳир аз шаҳри Панҷакент.

Посух
Сипос, ки сомонаи моро пайгирӣ мекунед. Барои ҷавоби аниқ пайдо кардан ба саволи шумо мо ба ҷустуҷӯйи Муқимҷон Абдуфаттоев афтода. Ин марди ҳунаррро дар Кохи Суруш пайдо кардем. Муқимҷон аз шунидани овозаҳои дар атрофи номаш паҳнгашта дар ҳайрат афтида, гуфт:
-Ин хел шунаданаш ҳеҷ мумкин нест! Аслан ҳамкории ман бо гурӯҳи “Арабшоҳ” замони паҳншавии бемории ҳамагири пандемияи COVID- 19 сар шуда буд. Барои он ки дар давраи пандемия хомӯш набошем мо дар ҳамкорӣ саҳначаҳои ҳаҷвии худро пешкаши мухлисон намуда, хотири онҳоро шод мегардондем. Азбаски гурӯҳи “Арабшо” дар Ютуб канали худро доштанд, мо бо онҳо дар саҳначаҳо ҳамроҳ бозӣ карда, онсаҳначаҳоро манзури тамошобинон мегардонидем. Дар ҳамон давра гурӯҳи “Арабшо” ҳам ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо мо чандин саҳначаҳоро ба навор гирифтанд, вале ин танҳо як ҳамкорӣ буду халос. Ман ҳаргиз нияти аз “Хандинкамон” ба ягон гурӯҳи дигар гузаштанро надорам, баръакс мехоҳам театр- студияи “Хандинкамон”-ро ба шаҳри Душанбе кӯчонам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД