Бозёфт
Морбозе духтури ҳайвонотро барои табобати мори калон даъват мекунад. Ҳангоми муоина мор ак-ак мекунад. Духтур ба ваҷд омада, гуфт:
-Ин ҳодисаи нодир аст, мор бо овози саг меҷакад! Барои чунин бозёфт ман соҳиби мукофот мешавам!
Морбоз гапи духтурро бурида мегӯяд:
-Духтур, шояд аввал сагро аз даруни мор берун овардан лозим?
Тиреза
Писарбача ба падараш мегӯяд:
-Дада, пагоҳ боз шуморо ба мактаб ҷеғ заданд. Ман як тирезаи дигарро низ зада шикастам.
Падар оҳ кашида мегӯяд:
-Худоё, ин мактаби шумо боз чанд тирезаи дигар дорад?
Замони гумшуда
Муаллима дар дарси забони модарӣ аз Меҳрубон мепурсад:
-Меҳрубонҷон, ҷумлаи зеринро гӯш кун: «Ман шавҳар меҷӯям». Ин ҷумла ба кадом замон дохил мешавад?
Меҳрубон мегӯяд:
-Замони гумшуда, муаллима.
Рӯзи ид
Аз майхорае мепурсанд:
-Ту арақ менӯшӣ?
Майхора:
- Танҳо рӯзҳои ид.
Боз мепурсанд:
- Рӯзи идат кадом аст?
Майхора:
- Рӯзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.