arzon replenishment
ХӮҶАНД: ЗАНИ ҶАВОН ШАВҲАРИ МӮЙСАФЕДАШРО БЕРАҲМОНА ЛАТУ КӮБ КАРД
6194

Аксари мардони синну солашон ба ҷое расида орзуи зани ҷавон гирифтанро доранд. Ба хотири ба даст овардани дили ягон хонуми ҷавону зебо мӯйсафедон ба ҳама гуна қурбонӣ розӣ мешаванд, аммо ишқи пирӣ аксар вақт ба марди солхӯрда танҳо ғуссаву дард меорад. Ҳодисае, ки дар шаҳри Хӯҷанд рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани хӯҷандӣ бо иттиҳоми расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар хабар додааст. Зан дар лату кӯби шавҳараш гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 29-март, тахминан соатҳои 19.30 байни ин зан ва шавҳари солхӯрдааш, ки аз худаш 34 сол калон будааст, ҷангу ҷанҷол ба амал омадааст. Дар ҷараёни ин моҷарои оилавӣ зан бо белу каланд шавҳари 79-солаашро бераҳмона лату кӯб кардааст. Дар натиҷа мӯйсафед ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, алайҳи зани бераҳм бо қисми 1-и моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз ёфааст.

Тафтишоти ҷузъиёти дигари қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД