Commerce bank may-june 2026
Хадамоти зиддиинҳисорӣ: эҳтимоли боло рафтани арзиши нерӯи барқ вуҷуд дорад
44

Дар пайи боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ эҳтимоли боло рафтани нархи тарифҳои истифодаи нерӯи барқ вуҷуд дорад. Дар ин бора расонаҳо дар такя ба гуфтаҳои масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар додаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, то ҳол чунин пешниҳод аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар барои солҳои 2026-2027 ворид нагаштааст, аммо чунин эҳтимол вуҷуд дорад, ки минбаъд нархи барқ боз ҳам боло меравад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии тарифҳоро ба хароҷоти корхонаҳо ва зарурати иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ аз ҷониби онҳо асоснок кардааст.

Ёдрас мешавам, ки нархи истифодаи нерӯи барқ бори охир 1-уми феврали соли равон 17% қимат шуда, ҳоло аҳолӣ барои 1 киловатт нерӯи барқ 41,37 дирам (4,45 сент) маблағ пардохт мекунанд. Агар оила дар як моҳ аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд нерӯи барқ масраф кунад, маблағи зиёдатӣ на бо нархи маъмулии аҳолӣ, балки бо тарифи баланди саноатӣ - 94,65 дирам ҳисоб карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД