35 years of independency
Хабари зангирии ошиқамро шунида, гиря кардам, вале...
11.10.2026
Oila.tj
65

Расулҷон! Туро дар бевафоӣ гунаҳгор намекунам, зеро хуб медонам, ки замоне худи ман сабаби ҷудоии мо шуда будам. Вақте ба ман пешниҳоди хонадоршавӣ кардӣ, ҷавоби мусбат надодам. Он вақт фикр мекардам ҳанӯз барои оиладорӣ омода нестам ва вақти зиёд дар пеш дорем.

Ту дилшикаста аз наздам рафтӣ. Чанде нагузашта, шунидам, ки бо духтари дигаре хонадор шудаӣ. Ростӣ, хабари тӯят бароям осон набуд. Дилам дард кард, шабҳои зиёде туро ба ёд овардам, вале кӯшиш кардам худро тасаллӣ диҳам. Гуфтам, шояд насиби мо ҳамин будааст ва бояд бо тақдир муросо кард.

Як сол гузашт. Ногаҳон боз ба суроғам омадӣ. Вақте гуфтӣ ҳанӯз маро дӯст медорӣ ва мехоҳӣ бо ман зиндагӣ созӣ, боварам намеомад. Пурсидам: «Охир, ту оиладор будӣ, чаро боз назди ман омадӣ?». Гуфтӣ, ки зиндагии оилавиатон созгор нашуд ва аз ҳам ҷудо шудед.

Ман туро маломат накардем. Ҳарчанд дар дилам ҳазор саволу гумон буд, муҳаббати кӯҳнаам нагузошт аз ту рӯй гардонам. Оҳиста-оҳиста боз ба ҳам наздик шудем. Гӯё он як соли ҷудоӣ умуман вуҷуд надошта бошад. Боз ҳамон суҳбатҳои ширин, ҳамон интизориҳо ва ҳамон ҳиссиёт баргаштанд.

Рӯзе оромона пурсидӣ: «Хостгор фиристам?» Намедонам чаро, ба ҷойи он ки хурсанд шавам, ашкам ҷорӣ шуд. Шояд ин ашки солҳое буд, ки туро аз даст дода будам. Шояд аз тарси он буд, ки боз ягон чиз байни мо монеа мешавад.

Имрӯз як чизро равшан медонам, ки ман туро дӯст медорам. Дигар намехоҳам аз тарс ё дудилагӣ бахтамро аз даст диҳам.

Расулҷон, агар ниятат ҷиддӣ бошад, ин дафъа интизорат намегузорам. Хостгоронатро фирист. Ман мехоҳам ишқи мо ин бор бо роҳи дуруст ва бо дуои падару модар ба зиндагии муштарак табдил ёбад.

Маруи ту

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД