sebiston july new
ХАБАРИ ЗАН ДОШТАНИ ДАЛЕР БЕМОРАМ КАРД
18.03.2024
ОИЛА
1458

 

Салом ба сомонаи Оила.ТҶ. Ман Фарзона, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Соли 2022 бо як ҷавон дар фурӯшгоҳи “Пайкар” тасодуфан вохӯрдам. Он ҷавон аз пасам то дари хона омаду баргашта рафт.

Саҳари дигар ӯро дар наздикии хона дидам. Ба нақлиёти ҷамъиятӣ саросемавор савор шудаму ӯ низ бо ман ҳамроҳ шуд. Аз мошин бо ҳам пиёда шудему ҳамин тариқ ҳамсуҳбат гаштем.

Номи ӯ Далер аст. Далер ҷавони хеле дилкушоду меҳрубон аст. Қади миёна дораду чашму қоши сиёҳ. Дар давоми ин муносибат ман Далерро аз ҷону дил дӯст доштам.
Далер худро марди ҳақиқӣ нишон дода, ҳамеша аз мушкилоти ман пурсон мешуд. Маро дар ин ду сол аз гулу ширинӣ сер кард. Хеле рашкин буд, аммо ин рафтори ӯро ман беҳад дӯст медоштам.

Чанд ҳафта пеш хабар ёфтам, ки Далери ман зану духтарча доштааст. Ин хабар маро бемор кард. То ҳанӯз аъзои баданам месӯзад. Оби дидаам хушк намешавад.
Далер ин ҳақиқатро зуд ба гардан гирифту пешниҳод кард, ки ман барои ӯ зани дуюм шавам. Мегӯяд, ки “ман туро дӯст медорам, хона мехарам ва хор намекунам”...

Ман бошам, дудила шудаам. На мехоҳам Далери ман аз каси дигар бошад, на мехоҳам хонаи касеро вайрон карда, бахти ӯро тақсим кунам.
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД