Gazprom july 2025
Хабари аз рӯйхати UFC ҳазф шудани Макгрегорро рад карданд
18.08.2025
Oila.tj
131

Президенти UFC Дана Уайт хабари ихроҷи қаҳрамони дукаратаи UFC дар вазни сабук (то 66 кг) ва вазни миёна (то 70 кг) Конор Макгрегорро аз рӯйхати муборизони UFC рад кард.

«Гапи бемаънӣ»,- навиштааст Уайт дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.

Қобили зикр аст, ки Конор ду ҳафта пеш - 31-уми июл аз бозгашт ба ҳавзи озмоиши допингии UFC хабар дода буд.

Конор Макгрегор 37 сол дорад. Ин варзишгари ирландӣ аз моҳи июли соли 2021 инҷониб дар муҳорибаҳои омехта набаромадааст, ки дар мусобиқаи UFC 264 дар даври якум аз соҳиби собиқи унвони қаҳрамонии муваққатии UFC дар вазни сабук, размкори амрикоӣ Дастин Порйе бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд.

Дар маҷмуъ, дар рекорди касбии ӯ 22 ғалаба ва шаш мағлубият мавҷуд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД