Formula novemver 2024
Келинро оварда, худам нодаркор шудам
01.05.2024
Мирсаид
1755

 

Дуруд, хонандагони азиз. Ман як модари келиндорам. Баъди келин оварданам сахт эҳсос мекунам, ки дар хона нодаркор шудаам.

Писарам чашмонаш кӯру гӯшҳояш кар шуда, гӯё вуҷуд доштани маро намебинад. Зиқ шуда, мегирям.

Борҳо бо келинам суҳбати хоса карда, гуфтам, ки ӯ ҳам фарзанд дораду маро аз писарам ҷудо накунад, ки оянда ҳаминро мебинад, вале механдаду мегӯяд, ки “э холашка, у асри қудқудузи шумо гузашт, ҳозир асри наву технологияи навтарин аст” ва меравад.

Бегоҳиҳо мебинам, ки писарам бо халтаҳои пури шоколаду ширинӣ ба хонаи худаш медарояд. Ман фақат пазмони рӯю гапҳояшам ва ягон дастовезаш даркорам нест. Танҳо омада, саломатиамро пурсад, кофист.

Як рӯз як дӯсти мактабиам маро ба хонааш таклиф кард. Рафтаму хеле суҳбат кардем. Занги дили одамро одам мебарорад. Ӯ пешниҳод кард, ки писарамро муддате ҷазо диҳем. Тибқи нақшаи ӯ маро бояд муддате дар хонааш пинҳон мекард, то фаҳмем, касе маро суроғ мекунад. Ман розӣ шудам.

Ду рӯз аз байн гузашт. Хонаро ёд кардам бачаму набераҳоямро. Аммо, писарам ҳатто напурсид, ки ман дар куояму чаро ду шаб хона нарафтам. Сахт зиқ шудаму дилам дард кард.

Ҳоло барои ҷавониам месӯзам, ки онро қурбони яккаписари эрка карда, ба шавҳар набаромадам ва ҳоло ҷафои эркагии ӯро мекашам. Дигар чунин наметавонам.

Наргис Камолова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД