Gazrpom april 2025
Келини тотор писарро аз модар ҷудо кард
360

Салом! Ман як модари аламдидаи тоҷик, мехоҳам дарди диламро нақл карда, каме ҳам бошад, кулбори аламҳоямро сабук созам.

Ман модари танҳо ҳастам ва дар бисотам ҳамагӣ як духтару як писар дорам. Писарам Амирҷон аз кӯдакӣ бисёр бачаи бо нангу номус буд. Нав ба синфи ҳафт гузашта буд, ки падараш бемор шуда фавот кард ва бори гарони зиндагӣ бар дӯшаш афтод. Ҳамин тавр писаракам дар сини 13-солагӣ марди хона шуда монд. Ҳар рӯз баъди дарс дар як нонвойхона кор мекард ва нимаҳои шаб хаставу лакот бармегашт. Писари бо нангу номусам ба хурдсолиаш нигоҳ накарда, ҳамеша бо тамоми қувваташ меҳнат мекард, то ману хоҳарашро хӯронаду пӯшонад. Туфайли меҳнати писарам мо зиндагии худро мустақилона пеш бурда, ба хешу табор ва шиносу ношинос муҳтоҷ намегаштем.   Хок бар сари камбағалӣ, аз сабаби шароит надоштан баъди хатми мактаб писарам ба ягон донишгоҳ дохил шуда натавонист, ҳарчанд хеле бачаи босавод буд ва мактаби миёнаро аъло хатм намуд.

Хулласи калом, азбаски мо хонаву дари худро надоштем, писарам «очаҷон, бо пули ночизе, ки ман дар ин ҷо кор мекунам, ҳаргиз соҳиби хонаву дар шуда наметавонем, як каф дуои сафед диҳед, ман ба Русия рафта кор мекунам ва омада хона мехарам” гӯён, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт.

Аввалҳо тез-тез занг мезад, пул мефиристод, мудом аз ҳолу аҳвол ва каму кости рӯзгорамон бохабар буд. Бо пули фиристодаи писарам духтарамро бо обрӯ ба шавҳар додам, як ҳавличаи зебо ҳам харидем. Дар пирӣ дастгирам шавад гуфта духтари хоҳарамро келин кардам. Зиндагиашон ширин буд, писарам соле як маротиба ба Ватан ояд ҳам, занашро дӯст медошт. Худованд ба онҳо ду фарзанди гул барин зебо ҳадя кард. Зоҳиран хушбахт буданд, вале баъд намедонам чашми бад расид ё тақдир аз азал чунин будааст, ки писарам ба доми як зани тотор афтида, дигар на ёди модар карду на ёди зану фарзандонаш.

Вақте хабари зангирии писарамро аз забони духтарам шунидам, хаёл кардам, ки аз болои сарам як сатил оби хунук рехтанд. Ба сараш дод зада гуфтам, ки ту шарм надошта, бародари худатро туҳмат мекунӣ?! Духтарам аз телефонаш суратҳои бародарашро нишон дода гуфт: «Ана худатон бинед, акаам суратҳои тӯяшонро мондааст...”.

Нобоварона ба телефон чашм дӯхта, писарамро дар паҳлӯи як духтари нимурён дидам ва хун ба сарам зад. Дуд аз димоғам баромада дарҳол ба писарам занг задам.

Ростӣ, ман умедвор будам, ки мегӯяд, ин гапҳо ҳамааш дурӯғанд ва ӯ танҳо як шӯхӣ кардааст, вале писарам зангириашро пинҳон надошта гуфт, ки духтари кадом як одами калонро ба занӣ гирифтааст ва акнун кордаш болои равған мешавад. Насиҳат кардам, ки писарам, охир ту зану фарзанд дорӣ, чаро фикри онҳоро накарда, чунин номаъқулӣ кардӣ, вале дар ҷавоб гуфт, ки танҳо ба хотири ман шуда, ин қадар сол бо духтари холааш умр ба сар бурда истодааст ва занашро ҳеҷ гоҳ дӯст намеошту намедорад.

Хулоса, писарам “оча, ба ҷиянатон гӯед, ки хоҳад, тоқат карда шинад, ман мисли пештара ҳар сол як маротиба ба наздаш меравам ва ҳар моҳ пул мефиристам, нахоҳад чор тарафаш қибла, баромада равад,” гӯён, заррае аз кори кардааш пушаймн набудашаро такрор кард. Қаҳрам омад ва «мурдани ту барин мард беҳтар аст, ки барои ким-кадом як зани бегона шуда, аз баҳри зану фарзандони худат гузарӣ. Дар ҳама ҷо ман туро таъриф мекардам, вале дар охири умрам маро дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо шармандаи ду олам кардӣ. Илоҳо зан нагирифта мурда мерафтӣ...” гӯён, дуоҳои бадаш кардам.

Писарам телефонро дар рӯям кушт ва дигар ба зангҳоям ҷавоб надод. Намедонам зани тотораш писарамро ҷоду кардааст ё дар ҳақиқат ӯро дӯст медорад, ки дигар на ёди Ватану модар мекунад ва на ёди зану фарзандонаш.

Ҳар рӯз чеҳраи ғамгини келину набераҳоямро дида, обу адо мешавам, вале чи хеле ки набошад, вай бароям фарзанд аст ва дилам барои писарам гум мезанад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

РАҶАБГУЛ, аз ш. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД