arzon replenishment
Келини таърифии падарам рӯзамро сиёҳ кард
14.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1586

Салом! Мехоҳам дарди дили ғамборамро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам.

Падарам маро бо дӯстдоштаам неву бо хешдухтарамон хонадор кард. Зиндагии оилавиам аз аввал лаззату маънӣ надошт, зеро арӯсамро дӯст намедоштам, бар замми ин,келини ёфтаи падарам бисёр духтари бетарбия ва баддаҳон баромад. Мудом аз қошу қавоқаш барфу борон меборид ва бо ҳар баҳона ҷанг мекофт. Дигар мардон бо ҳамсарашон шириниҳои ҳаётро тақсим намоянд, ман аз занам танҳо заҳри забон “туҳфа” мегирифтам.

Хулоса, арӯси шаттоҳ шабу рӯз ҷоғ зада гӯшу майнаамро мехӯрд,вале ба ҷуз тан додан ба тақдир дигар чорае надоштам, зеро занам бегона не, духтари аммаам буд ва агар ҷавобашро медодам, падарам маро оқ мекард.

Ҳамин тавр ҷангу ҷанҷолкунон мо соҳиби ду фарзанд шудем, вале баъди модар шудан ҳам ақли занам надаромад. Барои одам кардани занам тамоми усулҳоро ба кор бурдам, насиҳат кардам, панд додам, зиндагии ширини дигаронро мисол овардам, ҳатто задам, вале ин занаки морзабонро на сухани хуб ба кӯчаи одамгарӣ дароварду на мушту лагад. Вай ҳеҷ аз шаттоҳӣ намемонд, ки намемонд...

Як шаб пас аз ҷанҷоли навбатӣ ҷонам ба лабам расиду ошкоро гуфтам, ки ман туро дӯст намедорам, беҳтараш на худатро азоб деҳу на маро, фарзандонатро гиру баромада рав.

Падарам ин гапро шунида ба сарам шӯрид, ки чаро бачаҳоямро сағера кардан мехоҳам. Дидам, ки намешавад, таги як курта аз хона баромада дар ҳамон нимаи шаб ба шаҳр омадам ва дигар ёди деҳа накардам.

Чанд сол боз дар шаҳр зиндагӣ мекунам, вале бо сабаби бехонагӣ дигар зан нагирифтам.

Хабари марги падарамро шунида чанде пеш ба деҳа рафтам, лекин зану фарзандонам нагузоштанд, ки қадамамро ба остона гузорам. Намедонам тақдири ояндаи ман чӣ мешавад. Сарнавиштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар падару модарон дарси ибрат гардад ва фарзан донашонро зӯран хонадор накунанд.

С. М., сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД