Formula novemver 2024
Келини озарӣ чи тавр дили хушдомани тоҷикро ёфт?
19.06.2022
ОИЛА
1853


Саломи худро ба занону духтарон мерасонам. Пайваста номаҳои хонандагонро, аз ҷумла номаҳои хушдоманҳоро, ки дар бораи келинҳояшон менависанд, мутолиа намуда, ба андеша фурӯ меравам.

Ман ҳам келин ҳастам. Миллатам озарист. Ба хотири шавҳарам забони тоҷикиро аз худ кардаву тарки Ватану волидон намуда, ба Тоҷикистон омадам. Вақте ба Душанбе омадам, бо дидани шароити вазнини зиндагии хонаводаи шавҳарам сахт нороҳат шудам. Вале ба такдир тан додаму зиндагиамро идома додам. Бо мурури замон соҳиби ду духтару ду писар шудам.

Тамоми ин солҳо хушдоманам маро бадбинӣ карда мегуфт, ки "ту келини табъи дили ман нестӣ, ман ба писарам зани тоҷик медиҳам!" Он вақтҳо ғамгин шуда, аз суханони дилрешкунандаи хушдоманам руҳафтода гардида, гиря мекардам. Вале бо вуҷуди ин, бо тамоми ҳастиам хонаводаи шавҳарро ҳурмат мекардам. Ман худ дар оилае тарбия ёфтаам, ки барои мо эҳтироми калонсолон дар ҷои аввал меистад. Вақте ки ҳар бегоҳ пойҳои хушдоманамро маҳс мекардам, келини тоҷикаш бинияшро инҷ карда, аз даст расонидан ба пойи модарарӯсам ҳазар мекард.

Ман бошам, бо сари хам корамро давом медодам. Аз байн солҳо гузаштанд. Имрӯз ману хушдоманам мисли модару духтар ба ҳам наздик ҳастем. Хушдоманам доимо ба ман дуои нек дода мегӯяд, ки "духтарам, ман акнун фахмидам, ки гап дар сари миллат набудааст, гап дар сари одамгарӣ будааст".
А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД