toyota motors
Келинам шабҳо гум мешавад… (ҚИСМИ 2)
19.04.2026
ДИЛОШӮБ
170

Зиндагии нобасомон

Хоҳарам баъди ҳамин ба хонаи мо омаданро бас кард, аммо келинам дуздӣ мекарду ба хонаашон мефиристод. Аз гӯгирди хона сар карда то гушту равғану пулу матоъро медуздид, инро медонистаму хомӯш меистодам. Бар зами ҳама одатҳои бадаш чиркин буд ва чор фарзанд таваллуд кард, ки ба онҳо дуруст нигоҳубин ҳам намекард.

Боре ба хоҳарам гуфтам:

- Ба духтарат гӯй, ки дигар таваллуд накунад, охир ҳам ба кӯдакон ҷабру ҳам ба худаш.

Хоҳарам ба бемории саратони ҷигар гирифтор шуда оламро падруд гуфт. Зиндагонии қашоқона, ки доштанд се соли расо писари ман ӯро нигоҳубин мекарду духтур ба духтур мегардонд. Гумон кардам, ки баъди марги модараш ҳуши келинам ба сар мезанад, ки нашуд. Ӯ бадтар шуд, ки беҳтар не. Писарам аз қишлоқи ҳамсоя як ҷавонзани ба ҷурми бефарзандӣ аз шавҳараш ҷудошудаеро пинҳонӣ ба никоҳаш даровардааст, айни ҳол зани дуюмаш ҳомиладор аст.

Гумон аз имон ҷудо мекунад

Келинам вақте аз зангирии шавҳараш огоҳ шуд, ки ӯ бо даъвати рафиқонаш ба Корея барои кор рафт. Келинам баъди хабардор шудан аз зангирии шавҳараш ба кори дигар сар кард, акнун ӯ нимаҳои шаб бо доду фиғон берун баромада зор-зор мегиряд, ки сӯхтаме сӯхтам, кадоме маро ҷодугарӣ мекунад.

Ин зани ба ҷодугариву афсун омӯхта акнун палонҷашро ба ҷодугарӣ мутаҳам мекунад. Ростӣ ман на зани дуюми писарамро мешиносаму на ӯро дидаам, вале аз рӯйи шунидам аз оилаи камбағале ҳастанду пули зиёдатии ба муллои ҷодугар медода надоранд.

Ба инаш ҳам одат кардам, вале як шаб аз овози гиряи набераи хурдиям, ки бо модараш дар хонаи дигар мехобад бедор шуда худамро каш-кашон то он ҷо расонидам. Зеро пояҳоям дард мекунанду дуруст роҳ рафта наметавонам. Набераам танҳо хоб буду келинам набуд. Хеле мунтазир шудам, баъд келинам омад. Аз ӯ пурсидам:

- Дар куҷо будӣ?

Дар ҷавоб гуфт:

- Қабристон худамро доркашӣ рафтам...

Қабристон аз хонаи мо хеле дур аст ва хеле нотарс бояд бошӣ, ки дар нисфишабӣ он ҷо равӣ. Ин ҳодиса бори аввал нест, се ё чор бор келинам шабҳо гум шуд. Гумон мекунам, ки ӯ ба ман чизеро пинҳон мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “гумон аз имон ҷудо мекунад”, асрори шабҳо ғайб задани келинамро ба касе нагуфтаам, аммо фикрам доим банди ҳамин аст.

Нисфи шаб, як зани қишлоқӣ дар деҳа, куҷо мерафта бошад?!

Бо эҳтиром, хонандаи шумо

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД