Ман М., аз ш. Душанбе ҳастам. Писарам 15 сол қабл ба хориҷа рафта буд. Баъди он ки аз наздам рафт, меҳру муҳаббаташ гӯё гум шуда бошад, феълу рафтораш дигар шуд. Ҷигарбанди бо хуни дил калон кардаам ҳар моҳ ба ман 150 доллари амрикоӣ равон карда, гумон мекунад, ки бо ҳамин қарзи фарзи фарзандиашро дар назди ман адо карда бошад. Тамоми мушкилиҳои ба сарам омадаро худам рафъ намуда, ҷигарам реш мегардад, ки фарзанд калон карда, ба чунин рӯз гирифтор шудам. Медонам, ки дар бе меҳр шудани ҷигарбандам келинам сабабгор аст, вале чӣ кор карданамро намедонам. Ягона умедам аз Худованд ҳамин аст, ки рӯзе писарам ба наздам бармегардаду мисли пешина аз дидораш сер мешавам. Айни замон писарам бо занаш дар шаҳри Майамии Амрико зиндагиву кайфу сафо мекунанд, ман бошам дар Тоҷикистон сарсон мегардам. Ба фикрам келинам писарамро ҷоду кардааст, зеро писарам вақте ки аз Тоҷикистон рафт, чунин набуд. Дар асл хеле бачаи меҳрубону хушмуомила аст. Келинам бошад, маро тӯҳмат карда, мегӯяд, ки ту маро аз шавҳарам ҷудо кардан мехоҳӣ. Магар ягон модар хонавайронии фарзандашро мехоҳад? Келини шайтонам намефаҳмад, ки хушбахтии фарзандам хушбахтии ман аст.