arzon replenishment
КЕЛИН ХУШДОМАНРО ҒОРАТ КАРД?
2496

Хушдоман ҳам модар аст, вале аз чи бошад, ки аксари келинҳо модари дуюми худ-модаршӯяшонро чашми дидан надоранд. Рост наомадани ситораи арӯс бо зане, ки шавҳарашро ба дунё овардааст, боиси ҷангу ҷанҷолҳои пайваста гашта, муҳити хонаводаро ноором месозад.

Носозгории келину хушдоман баъзан ба вайроншавӣӣ оилаи ҷавон бурда мерасонад. Арӯсони бо дахолати модаршӯй хонавайрон шуда, ба хотири қасоси бахти шикастаи худро гирифтан баъзан ба чунон амалҳои беақлонае даст мезананд, ки оқибаташ пушаймонист. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилии Тоҷикисон аз боздошти зани 31-солаи тоҷик бо гумони содир намудани ҷиноят хабар додааст. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, як зани 56-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки шахси номаълум аз манзили истиқоматии ӯ ба маблағи 21 500 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагиро ба яғмо бурдааст.
Кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят собиқ арӯси ин хонаводаро боздошт намудаанд.

Эҳтимол келин ба хотири қасос гирифтан аз собиқ модаршӯйяш даст ба чунин амали ношоиста зада бошад...

Фирӯза Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД