arzon replenishment
КЕЛИН ХУШДОМАНРО КУШТУ…
2401

Солҳои охир аз байн рафтани ҳисси раҳму шафқат ва паст шудани маърифати хонаводагӣ боиси афзудани ҷиноятҳои оилавӣ гаштааст. Бадбахтона, ҷангу ҷанҷолҳои пайваста байни келину хушдоман ва дигар аёзоёни хонавода баъзан бо фоҷиаҳои хунин анҷом меёбанд.

Суди ноҳияи Шаҳринав як ҷавонзани тоҷикро, ки модари ду фарзанд мебошад, дар куштори модаршӯяш муттаҳам дониста, ба 9-соли зиндон маҳкум намуд.

Бино ба иттилои Sputnik ин ҳодисаи нохуш санаи 22-ноябри соли 2020 дар нҳияи Шаҳранав сар зада, сокини деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти Чусти ҳамин ноҳия А. Т. Ба таври ногаҳонӣ аз лам мегузарад. Пайвандонаш марги ин занро табиӣ гумон карда, бо риояи расму русум ҷасадашро ба хок смесупоранд, вале баъди як ҳафта духтари марҳум ба прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуда, талаб кардааст, ки қабри модарашро кушода, экспертизаи тиббӣ-судӣ гузаронанд ва сабаби маргашро дақиқ намоянд.

Экспертиза сирри келини хушдманкушро фош месозад ва дар рафти санҷиш маълум мешавад, ки марҳум на аз марги табиӣ, балки ҷабран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст.

Хешовандони марҳум аксҳоеро ба кормандони экспертиза пешниҳод кардаанд, ки вақти шустани ҷасад гирифта шуда буданд ва дар онҳо аломатҳои хунрезиву харош дида мешуданд. Вақте қабрро кушода, ҷасадро муоина мекунанд, осори марги иҷборӣ, аз ҷумла хунрезӣ дар лабу даҳони ҷасад ошкор гашта, маълум мешавад, ки занро зӯран аз зиндагӣ маҳрум намудаанд.
Келини хушдманкуш ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, ки моҷаро барои маводи хӯрока сар зада буд. Ба қавли худи зан, вай хостааст барои кӯдаконаш хӯрок пазад, вале хушдоманаш саркашӣ карда, калиди анборро наддааст. Ҳамин тавр арӯсу модаршӯй бо ҳамдигар кашмакаш мекунанд ва дар рафти ин моҷаро келин хушдманашро бӯғӣ карда мекушад.

“Ҷанҷоли мо аз ин сар шуд, ки хушдоманам розӣ нашуд калиди анборро диҳад, то ман барои фарзандонам ғизо омода кунам. Аз ин хотир, мо ба ҳамдигар дарафтодем. Ман ӯро буғӣ карда, камтар пас сар додам, ки ба замин афтиду дигар аз ҷой нахест. Пас маълум гардид, ки ӯ аллакай ҷон додааст”, - гуфтааст келини хушдманкуш.

Суди ноҳияи Шаҳринав занро бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) гунаҳкор дониста, ба хотири фарзандони хурдсол доштанаш ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД