arzon replenishment
Келин кампири якдастаро гулом кард (Қисми 2)
2307

Ҷазои Худованд

Худо шоҳид аст, ки аз келин ҷабру ҷафоҳои бисёре дида бошам ҳам, ягон бор ӯро дуои бад накардаам ва бо нияти ҷудо кардани писарам аз занаш поямро аз дар ба берун намондаам. Намедонам тақдиру насиб ҳамин буд ё ҳар рӯз мани мазлумро озор додани келини шаттоҳам ғазаби Худоро овард, ки дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ кӯдакаш худ аз худ дар шикамаш мурда, хунрав шуд.

Писарам занашро ба духтур бурда, тамоми дорую дармони фармудаи табибонро харида бошад ҳам, фарзандашро зинда ба даст гирифта натавонист. Кӯдак афтид. Баъди бача партофтанаш келин ҳама айбу гуноҳро ба сари мани мазлум бор карда, бо тамоми овоз ба сари писарам дод мезад, ки беваи якдастаи очаат аз рашк маро ҷоду карду бачаам дар шикамам мурд. Чанд бор гуфтам, ки ҳой келин, аз Худо наметарсӣ, ки чунин туҳмати ногаҳониро ба гардани ман мебандӣ, охир ман девона нестам, ки набераи худамро кушам. Дар ҷавоб келин ба сарам дод мезад, ки аз дасти ту, беваи ҷодугар ҳама кор меояд...

“Ман даҳ қутии ҳаҷман бузурге, ки аз монитори компютер буданд доштам. Аз онҳо барои худам кат сохтам. Роҳбар зид набуд, асос коратро бикун мегуфт”зиндагиашро дар Туркия ба ёд оварда, қисса мекунад Ҷӯрабоев.

 


Каждуми зери бурё

Хулласи калом, аз рӯзе, ки писарамро зан додам, рӯзам сиёҳ шуда, дигар як дами бе ғам назадам. Келинам бар замми танбалу нокора буданаш бадзабону муштзӯр низ буд ва бо ҳар баҳона бо ман даст ба гиребон шуда, рӯю мӯямро канда мегирифт. Вай мудом дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо маро паст зада мегуфт, ки агар ту занаки хуб мебудӣ, дар вақташ шӯят туро партофта, зани дигар намегирифт. Таънаи келин аз ҷавшани ҷонам мегузашт. Мани сарсахт барвақт аз бахт бенасиб гашта, бо хуни ҷигар фарзандамро калон карда будам, то дар дами пирӣ такягоҳам гардад, вале ба ҷойи роҳати писару келинро дидан, зани бадтоли писарам бо суханҳои талху нешдораш хотири мани маъюбро озор дода, гӯё ба дилам ханҷар мезад...

Дар байни обу оташ

Бо ҳамин маймунбозиҳо аз байн ду сол гузашту келинам боз ҳомиладор шуд. Акнун буҷулаш асп хеста буд ва шавҳараш дигар ҳатто пишаки ӯро пишт гуфта наметавонист. Рӯзи дароз хар барин хизмати келину писарамро мекардам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан келини шаттоҳам баъди ҳомила шуданаш аз гиребони писарам гирифт, ки ман дигар бо очаи аҷузкампиру ҷодугари ту зиндагӣ кардан намехоҳам, вай боз ягон бало карда бачаи маро мекушад. Бечора писарам дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист. Моҷарояшонро чанд бор бо ду гӯши худам шунидам. Келин “очата аз хона дафъ кун” мегуфт, писарам бошад, ба сари занаш дод мезад, ки ақлат дар ҷояш ҳаст ё не?! Аввалаш он ки ин хона хонаи модарам аст, ману ту арақи ҷабин резонда хона нахаридаем. Дуюм, ман фарзанди яккаву ягонаи модарам ҳастам, чӣ хел ба хотири зан шуда, аз вай рӯй мегардонам. Мардум маро номарду занкалон гуфта, ба рӯям туф мекунанд, агар ин корро кунам...

Зан не, саги дайду

Дар нуҳ моҳи ҳомиладориаш келин чанд маротиба қаҳр карда, ба хонаашон рафт. Борҳо нағмаҳояшро ба падару модараш нақл карда, шикоят намудам, вале ба ҷойи он ки духтарашонро насиҳат кунанд, баръакс тарафашро гирифта, ҳама айбу гуноҳро ба гардани ман мезаданд. Аҷибаш он ки келин қаҳр карда мерафту баъд боз худаш мисли саги дайдуе, ки дар ягон ҷо рӯз намебинад, боз гашта меомад. Хотири тифли батнаш ман чизе нагуфта, ӯро ба хона роҳ медодам.

 

Писарам писардор шуду рӯзам сиёҳ гашт

Ҳамин тавр, баъди нуҳ моҳ келини ҷангараам писар таваллуд кард. Азбаски дар бисотам танҳо як писар дорам, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки Худованд бачаи маро бачадор карду мани маҷруҳ рӯйи набераро дидам. Бовар доштам, ки ақли келинам баъди модар шудан ба сараш мезанад ва чӣ хел душвор будани бачакалонкуниро фаҳмида, ба қадри заҳматҳои ман мерасад, вале ҳайҳот! Ба ҷойи он ки одам шавад, баъди таваллуд карданаш келин ҳар рӯз ба сари мани маҷруҳ даст мебардоштагӣ шуд. Пештар барои сари вақт тайёр нашудани хӯрок ҷанг мекард, акнун овози бачааш баландтар барояд, ин ҷавонзани шаттоҳ “ҳой, беваи якдаста, мемурӣ, ки гаҳвораи ҳамин кӯдакро ҷунбонӣ” гӯён, маро бо лагад мезад ва гулӯямро буғӣ мекард. Оқибат аз ҷабри мушту лагад ва доду фиғони ин балокелин мани мазлум саломатиамро пурра аз даст дода, ба касалии дил гирифтор шудам...

Таҳдиди куштор

Як рӯз дар ошхона машғули хӯрокпазӣ будам, ки овози гиряи набераам баромад. Сарамро аз тиреза бароварда дидам, ки модараш дар назди оина чашму абрувонашро ранг карда истодаасту кӯдак афтида, сару рӯяшро хуншор кардааст. Дилам ба набераам сӯхту овоз баровардам, ки ҳой келин, охир аввал ҳамон бачаи бечораро хобонда, баъд сару соз кунӣ намешавад?! Бо шунидани ин гап келинам мисли балои осмонӣ ба ғазаб омада “дар даҳани ту аҷузкампир .... кунам, ту боз ба ман ақл ёд медиҳӣ” гӯён, ба сарам давид. Имконияту фурсати гурехтан наёфтам. Келинам мисли ҷаллод аз рӯйи миз корди калонро гирифта, маро дар девори ошхона зер кард ва кордро ба зери гулӯям монда девонавор дод зад: “Беваи худозада, дар ҷонам задӣ, ҳозир туро сари як корд мекунам!”

Нӯги корд пӯсти гулӯямро бурида каме хун баромад. Бовар кунед, чунон тарсидам, ки хаёл кардам, ки ҷон аз дасту пойҳоям мебарояд. Нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр пешоб ба банди поям ҷорӣ гашта, шалворамро тар кардам. Чашмонамро маҳкам пӯшида, ба мурдан тайёр шудам, вале ҳамин вақт писарам аз дар даромад. Ба гулӯям корд монда, маро дар девор зер кардани занашро бо чашмони худаш дида, писарам аз шиддати қаҳру ғазаб қариб девона шуд ва бо тамоми овоз дод зад: “Падарлаънати худозада, ту худат кистӣ, ки дар гулӯи очаи ман корд мемонӣ?! Се талоқат кардам! Сағераатро гиру зуд аз назарам дафъ шав, ки дигар рангу рӯятро набинам...”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД