Зани тоҷик бо одобу ахлоқи накӯ ва рафтори ҳамидааш шӯҳраи олам гаштааст, аммо бадбахтона хонумҳои беандешаю бадҷаҳле низ ҳастанд, ки бо амалҳои бадахлоқона ва норавои худ ба номи неки зан-модари тоҷик иснод меоранд. Ҳодисаи нангини чанде пеш дар Вилояти Суғд рӯй дода далели равшани ин гуфтаҳост.
Кормондони милитсия як зани 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғдро бо гумони лату кӯб ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар дастгир намуданд.
Дар ҷараёни як моҷарои оилавӣ ин зан бо падари шавҳараш, ки барои ӯ низ ҳукми падарӣ дошт, даст ба гиребон шуда, мӯйсафеди бечораро таёқшап кардааст. Сабаби ҷангу ҷанҷол ва занозании келину хусур то ҳол маълум нест.
Ин нахустин ҳодисаи зӯроварии келин нисбати волидони шавҳар нест. Шумораи арӯсони муштзӯре, ки дасти хушдоманро мешикананду сари хусурро мекафонанд ва бо дигар аъзоёни хонаводаи шавҳарашон даст ба гиребон мешаванд, торафт меафзояд.
Ин моҷароҳои гӯшхарош аз он далолат медиҳанд, ки маърифати оиладорӣ торафт паст шуда, ҳурмату эҳтироми калонсолон аз байн рафта истодааст. Яке аз сабабҳои асосии афзудани талоқ ва пош хӯрдани оилаҳо низ маҳз беаҳтиромии келинҳо нисбати падаршӯю модаршӯй ва дигар аъзоёни хонаводаи шавҳар аст. Оила яке аз пояҳои хеле муҳими давлат ба ҳисоб меравад, бинобар ин, моро мебояд ба тарбияи ахлоқии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати хонаводагӣ диққати ҷиддӣ диҳем.