Formula novemver 2024
Келин аз Маскав (ҚИСМИ 1)
1719

Ишқи муҳоҷир

Шариф ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, хеле ҷойи кор кофт. Рӯзе тасодуфан дар истгоҳ бо духтараки русе шинос шуд. Чун забони русиро хуб медонист, бо духтараки чашмкабуди ситорагарм зуд ошно шуда, дилашро ёфт. Духтар ба Шариф ваъда кард, ки барояш ҷойи кор меёбад.

Лайлии чашмкабуд

Наташа даврони наврасиаш бо духтари тоҷике дӯстӣ дошт ва орзу мекард, ки ба марди тоҷик ба шавҳар барояд. Шарифро дида, ҳамон орзуи даврони наврасӣ дубора дар дилаш гул кард, вале намедонист, ки ин мард зан ва ду духтар дорад. Шариф низ ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, дар бораи оиладориаш ба духтари рус чизе нагуфт ва ду моҳ пас ба Наташа пешниҳоди хонадоршавӣ намуд. Духтари ошиқи шайдо аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид...

Туҳфаи падарарӯс

Падари Наташа директори ширкати калоне буд ва аввал ба издивоҷи онҳо зид баромда, вале ашки чашми духтари ягонаашро дида, натанҳо розигӣ дод, балки ҳамчун ҳадя дар рӯзи тӯяшон ба онҳо дар маркази шаҳри Маскав хонае харида тақдим намуд.

Ҳамин тавр ошиқон ба вислои ҳамдигар расиданд ва зиндагии ширини худро оғоз намуданд.

Писари деринтизор

Тахминан як сол пас Наташа писар таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонд. Шариф ду духтар дошт ва умре дар орзуи писар буду баъди писардор шудан аз шодию хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, вале андешаи он ки худо накарда зани тоҷикаш дар Русия зан гирифтанашро фаҳмад, рӯзаш сиёҳ хоҳад гашт, ӯро азият медод.

Сирри фошгашта

Дере нагузашта хабари зани рус гирифтан ва писардор шудани Шариф то ба Тоҷикистон низ расид ва зани тоҷикаш Чамангул ба вай занг зада, қасамаш дод, ки рости гапро бигӯяд. Шариф чораи дигар наёфта, ноилоҷ ба гуноҳаш иқрор шуд. Вай гумон дошт, ки ҳамсари қонуниаш қисматро қоим мекунад, аммо...

Шарти Чамангул

Ғайри чашмодошти Шариф Чамангул каме сукут намуда, баъд дар назди шавҳараш шарт гузошт:

- Гӯш кун мардак, агар хоҳӣ, ки аз хонаву дар ва ду духтарат намонӣ, писаратро гирифта биёру ҷавоби вай уруса те, набошад намемонам, ки дигар пою қадаматро аз дарвоза дарун монӣ.

Ин фикри занаш ба Шариф писанд омад.

Макри марди дузана

Шариф Наташаро фиреб карда, гуфт, ки оилаи ман аз зангириам хабар надоранд, хоҳӣ, ки падару модари ман туро бо хушӣ истиқбол бигиранд, ба ман вақт бидеҳ, то онҳоро розӣ карда, баъд омада туро ба ватанам Тоҷикистон бубарам.

Наташа бехабар аз макри шавҳари тоҷикаш розӣ шуд ва ҳатто иҷозат дод, ки Шариф писарашро бо худ барои нишон додан ба падару модараш ба ватанаш бубарад.

Писари муфт ба даст омада

Шариф чипта харида, ба Тоҷикистон парвоз кард ва писарашро низ бо худ ба хонааш бурд. Занаш Чамангул, ки ба хотири писардор шудан солҳои зиёде дари духтуру муллову табибони бисёреро охӯрча карда бошад ҳам, соҳиби писар нагашта буд, аз он ки муфтакак бачадор шуд, хеле хурсанд шуда, аз рӯзи аввал писарчаи яксолаи Наташаро ҳамчун фарзанди худаш қабул кард ва ба шавҳараш гуфт, ки роҳи Русияро фаромӯш карда, дар ҳамин ҷо кам бошад ҳам, бо маоши муаллимӣ зиндагиашро пеш барад.

Хумори фарзанд

Аз байн шаш моҳ гузашту аз Шариф дарак нашуд. Наташа пазмони писару шавҳараш гашта, лоғару касалӣ шуда буд. Вай гаштаву баргашта ба шавҳараш занг мезад, вале аз он ҷониб садое ба гӯш намерасид, чунки Шариф ӯро ба рӯйхати сиёҳ дохил карда буд. Билохира косаи сабри ҷавонзан лабрез гашт ва аз ғайб зудани шавҳару фарзандаш сахт ба изтироб омада, аз падараш хоҳиш кард, ки чипта харида, ӯро ба Тоҷикистон гусел кунад.

- Духтарам, ман аз аввал гуфтам, ки ин мард муносиби ту нест, вале ба гапам гӯш накардӣ, ана дидӣ, ки оқибаташ чӣ шуд,- гуфт падараш ӯро мазаммат намуда.

Аммо Наташа ба шавҳараш сахт бовар дошт ва андешамандона гуфт:

- Падарчон, Шариф номард нест. Шояд ягон мушкилот дар ватанаш пайдо шуда бошад. Ман меравам ва ҳамаашро аниқ карда, ҳамроҳи шавҳару писарам бармегардам.

Ҳамин тавр ин ҷавонзани рус нишонии шавҳари тоҷикашро аз дӯстони ӯ гирифта, ба Тоҷикистон парвоз кард...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД