arzon replenishment
Келин аз дигар ҷою хушдоман аз дигар деҳа ёфт шуд
672

Ҷасади келину хушдоманеро, ки субҳи имрӯз дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат сел бурда буд, пайдо карданд. Дар ин бора як сокини ин ҷамоат ба Oila.tj хабар дод.

Гуфта шуд, ки ҷасади хушдоманро соати 9-и саҳар аз деҳаи Қалъача ва келинашро соати 14:20 аз Фиришти пайдо кардаанд.

“Онҳоро ба хонаводаҳояшон супориданд ва аллакай ҳардуяшро дафн карданд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Қаблан, иттилоъ дода будем, ки дар ҷамоати Симиганҷ тибқи иттилои пешакӣ дар пайи омадани сел 4 кас фавтидаанд. Бо кӯмаки сокинон 2 нафарро субҳ аз об берун оварданд ва ҷустуҷӯи 2 ҷасади дигар идома дошт.

 

Манбаи мо, ин ду нафарро аз деҳаи Дара гуфт. Ба қавли ӯ, онҳо хушдоману келину набера буда, чанде пеш сокинон кӯдаки набераашонро аз об зинда наҷот доданд. Кӯдак фарзанди духтари зан будааст ва айни ҳол дар беморхона бистарист.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 август, соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи омадани сел ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит зарар диданд. Бино ба иттилои расида, дар ин ҷамоатҳо 11 нафар (3 зану 8 мард) бар асари офати табиӣ ҳалок шуда, ду шаҳрванд аз мошини ғарқшуда наҷот дода шуданд.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ба наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба зарардидагон шифои комил мехоҳад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД