arzon replenishment
Набера зинда ёфт шуду бибиро об бурд
709

Рӯзи 27 август, соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи омадани сел ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит зарар диданд.

Бино ба иттилои расида, дар ин ҷамоатҳо 11 нафар (3 зану 8 мард) бар асари офати табиӣ ҳалок шуда, ду шаҳрванд аз мошини ғарқшуда наҷот дода шуданд.

Манобеи Oila.tj хабар доданд, ки дар ин ҷо 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни аҳолинишин ва иншооти муҳофизатӣ низ зарар дидаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми хисоротро муайян менамояд.

Як ҳамсуҳбати Oila.tj дар ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат гуфт, тибқи иттилои пешакӣ дар пайи омадани сел 4 кас фавтидаанд. Бо кӯмаки сокинон 2 нафарро аз об берун оварданд ва ҷустуҷӯи 2 ҷасади дигар идома дорад.

“Онҳо акаву додаранд. Аз деҳаи Гулафшон будаанд. Яке дар синфи 3 мехонду дуюмӣ дар синфи 11”, - гуфт ҳамсуҳбатамон.

Манбаи мо, ду нафари дигарро аз деҳаи Дара гуфт. Ба қавли ӯ, онҳо хушдоману келину набера буда, чанде пеш сокинон кӯдаки набераашонро аз об зинда наҷот доданд. Ҷустуҷӯи дуи дигар идома дорад.

Ба қавли ӯ, беш аз 40 мошин хароб шуда, гову моли зиёди сокинон талаф ёфтааст. Ҳамзамон, чандин манзили истиқоматӣ пура хароб шудааст. Сокинон айни ҳол, бо кӯмаки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти иҷроия хонаву роҳҳоро аз об тоза карда истода, ҷасадҳоро ҷусту истодаанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, зиёда аз 100 хонавода аз ин шаҳракҳо муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ба наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба зарардидагон шифои комил мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД