Sebiston new 2024 october
Келин алови чашми модарамро гирифту...
19.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1465

Ману шавҳарамро волидонамон хеле барвақт, дар синни 18-солагӣ оиладор карданд. Ҷавону хом будем, қариб ҳар рӯз барои дупула гап ҷангу ҷанҷол карда, хонаро ба сарамон мебардоштем.

Сабаби моҷаро бардоштани ман ҷӯрабозии шавҳарам буд. Вай рӯзи дароз бо дӯстонаш дайдугӣ карда, на парвои ман дошту на ғами фарзандашро мехӯрд, гӯё занро барои волидонаш гирифта бошад, маро бо пиру кампир танҳо гузошта, баромада мерафту нимаи шаб ба хона меомад. Рӯзе дар сари қаҳр фарзандамро гирифта, ба хонаи волидонам рафтаму ба аҳли оилаамон гуфтам, ки дигар бо шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам, агар маро маҷбуран ба хонаи хусуру хушдоманам бурда монанд, дору хурда, худамро мекушам ё ба дор меовезам. Наздиконам авзои беҷоямро дида, дигар чизе напурсиданд.

Ҳамин тавр, ман дар хонаи волидонам мондам.

Аз рӯзи аввали омаданам янгаам қошу қавоқ гиронда, ба ҳар гапу корам эрод мегирад ва мисли замбӯр мудом маро неш зада мегардад. Саҳар аз ӯ барвақттар хеста, ҳавливу назди дарвозаро об зада мерӯбам, тамоми кору бори хонаро мекунам, вале ҳеҷ дили янгаамро наёфтам, ки наёфтам. Бародарам писарчаи хурдсоли маро дӯстдорӣ кунад, ранги рӯйи занаш мисли помидори пухта суп-сурх шуда, аз қаҳру ғазаб дегро ба коса мезанаду косаро ба дег. Бечора акаам аз тарси ин зани шаттоҳ бо ман ҳатто дуруст гап намезанад.

Келинамон алови чашми модарамро ҳам гирифтааст, очаам ҳар рӯз бадкориҳои ӯро бинад ҳам, хомӯш мешинад. Шавҳарам аз ман ранҷида, дигар ба суроғам намеояд, ҳатто аз ҳоли фарзандаш хабар намегирад. Ростӣ, чӣ кор кардану ба куҷо рафтанамро намедонам.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД