Пирамарде ҳар рӯз писаракеро дар кӯча пойи бараҳна медид. Дили мӯйсафед ба ҳоли бачаи бечора сӯхт ва рӯзе аз бозор барояш як пойафзол харида оварду гуфт:
- Биё, ин пойафзоли навро бипӯш.
Писарак пойафзолро пӯшид ва бо чеҳраи хандон ба пирамард нигариста пурсид:
- Шумо Худоед?
Пирамард дар ҷавоб табассум карда гуфт:
- Не бачаҷон, ман Худо нестам.
Писарак гуфт:
- Пас, шумо дӯсти Худоед. Ман дишаб фақат ба Худо гуфта будам, ки пойафзол надорам.
Ин қиссаи пандомезро ба он хотир овардем, ки бори дигар аз кори савоб будани некӣ кардан ба ятиму камбағалу бечорагон ёдрас шавем, зеро имрӯз дар ҳар сари қадам пири бе касу кӯй ва бевазани танҳову кӯдакони бесаробонро дучор омадан мумкин аст. Пештар тоҷик аз гуруснагӣ мурад ҳам, гадоӣ намекард, вале акнун дар замони сериву пурӣ гадоҳои тоҷикро дар ҳар сари қадам во хӯрдан мумкин аст. Дар байни талбандаҳо кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Аслан гадоӣ хоси қавми лӯлист. Тоҷикон аз қадимулайём мардуми бо нангу ор буданд ва ҳеҷ гоҳ дасти тамаъ ҷониби касе дароз намекарданд. Пас биёед дасти ятимону бенавоёнро бигирем, то шумораи талбандаҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе кам шавад.
ЮСУФ, сокини ш. Душанбе