formula feb 2025
Кӯдакони то яксоларо бар зидди кадом бемориҳо эм мекунанд?
02.03.2025
Oila.tj
400

Салом! Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам ва фарзанди нахустинамро интизорам. Ба наздикӣ модар мешавам ва аз ҳоло дар фикри саломатии фарзанди ояндаам ҳастам. Азбаски ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надорам, мехоҳам донам, ки тифлакони то 1-соларо бар зидди кадом бемориҳо эм мекунанд.

ДИЛОРО, аз шаҳри Роғун

Посух:

- Хуб аст, ки шумо аз ҳоло дар фикри солимии тифли ояндаи худ ҳастед ва мисли баъзе модарон нисбат ба эмкунӣ бепарвоӣ зоҳир намекунед. Эмкунӣ ё ваксинатсия, ки дар байни мардуми тоҷик бештар бо номи русии “прививка” машҳур аст, барои аз ҳар хел бемориҳои сироятӣ ва хавфнок ҳимоя намудани кӯдакон, махсусан тифлакони то яксола хеле муҳим мебошад. Дар 12 моҳи аввали ҳаёти тифл намудҳои зерин эмкунӣ гузаронида мешаванд:

Эмкунии аввалин

Эмкунии аввалин дар бадали 24 соати баъди ба дунё омадани кӯдак гузаронида мешавад. Табибон баъди буридани нофи навзод, тоза кардан, парпечу сер кардани шикамчаи навзод бо шири модар бар зидди бемории вирусии гепатити В кӯдакро эм мекунанд, чунки ин вирус ба ҷигар таъсири манфӣ мерасонад ва махсусан барои тифлакони навзод хеле хатарнок мебошад.

Эмкунӣ ба муқобили касалии сил

Пас аз ин дар муҳлати 3-7 рӯз кӯдакро ба муқобили сил, яъне туберкулёз эм мекунанд, чунки яке аз касалиҳои дар сар то сари ҷаҳон паҳнгашта - ин сил мебошад.

Ба кӯдакони то яксола боз кадом ваксинаҳо гузаронида мешаванд?

Пас аз ин, кӯдаконро дар думоҳагӣ, чормоҳагӣ, шашмоҳагӣ ва яксолагӣ эм мекунанд. Аслан, тибқи тақвими эмкунии кӯдакон дар маҷмуъ 17 ваксинатсия ворид карда шудааст, вале баъзеи онҳо ба таври такрорӣ гузаронида мешаванд. Маъмулан, кӯдаконро ба муқобили бемориҳои зерин эм мекунанд:

1. Гепатити вирусии В

2. Туберкулёз

3. Инфексияи пневмококк

4. Дифтерия

5. Сулфакабудак-коклюш

6. Столбняк

7. Полиомиелит

8. Инфексияи гемофилии навъи b

9. Гулбарорӣ

10. Бемории сурхакон

11. Ғургӯшак-свинка

12. Зуком-грипп.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД