Депутатҳои рус пешниҳод намудаанд, ки дар сурати 3 маротиба пай дар пай аз имтиҳон афтодан, кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанашон фиристода шаванд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ярослав Нилов, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба меҳнат пешниҳод кардааст, ки фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати се маротиба аз имтиҳон нагузаштан ба ватанашон гусел карда шаванд.
«Қудрати хондан надорад, се маротиба аз имтиҳон гузашта натавонист, ба хона баргашта, бозгашти падару модарашро дар ватанаш интизор мешавад. Нуқта!”,- гуфтааст Ярослав Нилов зимни суҳбат бо “ТАСС”.
Нилов таъкид намудааст, ки аз ҳазорон нафар кӯдакони муҳоҷир танҳо 30 нафар аз имтиҳон гузаштаанд ва дар идомаи суҳбат сабабҳои аз имтиҳон нагузаштани фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ додааст.
Депутати рус мегӯяд, ки қисми зиёди кӯдакони оилаҳои муҳоҷир ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамин сабаб ба имтиҳонҳо роҳ дода намешаванд. Иддае дар ҳуҷҷатгузорӣ дер мекунанд, гурӯҳи дигар имтиҳонро супурда наметавонанд.
Нилов пешниҳод кардааст, ки таҳсили кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия пулакӣ карда шавад.
“Бигзор муҳоҷирони меҳнатӣ барои таҳсили фарзандонашон пул супоранд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда метавонем ба муаллимоне, ки барои барномаи дарсиро ба фарзандони муҳоҷирон фаҳмондан ҷонашон ба лаб меояд, мукофотпулӣ диҳем”,- пешниҳод кардааст Ярослав Нилов.