arzon replenishment
КӮДАКОНАМ ЗАНИ РУС ДОШТАНАМРО ФАҲМИДАНДУ БО МАН ҚАҲРӢ ШУДАНД
03.11.2020
Р. Азимӣ
4411

 

Ман муҳоҷирам. Нони меёфтаам аз ҳисоби Русия аст. Дар заводи сементбарорӣ кор мекунам. Аҳли хонаводаам медонанд, ки ман дар Русия зану фарзанд дорам. Дар манзили София ном зане ду сол иҷора истодаму соҳибхоназан бо ширинзабониву хушмуомилагияш дар дилам ҷой шуд.

Мо якдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Аввалҳо зан гирифтанамро аз падару модар ва ҳамсарам пинҳон медоштам, вале баъдан бародаронамро ҳамроҳи худ ба Русия овардаму сирам фош шуд. Ҳамсарам сахт ранҷид, ки дар болояш зан гирифтам, вале чун фаҳмид, ки аз маҷбурӣ издивоҷ кардааму агар ҳамин зан набошад, ҳоли ман дар мулки бегона зор мешавад, ночор ба тақдираш тан дод. Ҳар моҳ як тинашро сарф накарда, тамоми маошамро ба хона мефиристодам, то дили занам гарм шаваду қаҳр карда ба хонаи волидонаш наравад.

Аз зани русам Карина ном духтарчае дорам. Карина ҳар бори ба Тоҷикистон сафар карданам зорӣ менамуд, ки ӯро ҳамроҳам барам. Дилаш наранҷад гуфта соли гузашта ӯро бо худ ба Ватан овардам. Аз ҳамсари аввалаам як писару ду духтарча дорам. Духтаронам бо Карина зуд унс гирифтанд, забони ҳамдигарро нафаҳманд ҳам, дугона шуданд, вале писарам Санҷаршоҳ ҳеҷ хоҳари ӯгаяшро қабул карда натавонист. Чашми маро, ки хато кард, аз мӯйи сараш кашолакунон Каринаро зада, доду фиғонашро мебаровард.

Чанд бор ӯро сахт ҷанг кардам, ки чаро хоҳаракашро мезанад, дар ҷавоб «очаи ин шуморо аз мо ҷудо кард, то кай мо бе падар мегардем?!» гӯён қошу қавоқ меандохт. Рӯзе ки ба Русия парвоз мекардам, писарам дарро аз дарун маҳкам карда ба гусели ман набаромад. Дилам хиҷил шуд.

Модараш «кӯдак аст, калонтар шавад, ақлаш медарояду дигар ин корҳоро намекунад» гӯён, маро тасаллӣ дода бо чеҳраи кушода гуселам намуд, вале то ҳол симои норозии писарам аз пеши назарам дур намешавад.

Карина мегӯяд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон намеравам. Вай аз бародараш қадди аҷал метарсад, чунки Санҷаршоҳ таҳдид намудааст, ки агар як бори дигар ба Тоҷикистон биёяд, ӯро бӯғӣ карда мекушад.

Худро дар назди фарзандам гунаҳкор эҳсос менамоям, вале наметавонам аз баҳри зани русам гузарам, чунки аз ӯ низ насл дорам ва Карина маро баробари ҷонаш дӯст медорад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Далер, ш. Москва.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД