Бархе аз падару модарон гӯё бо мақсади тарбият намудан ва ба роҳи рост ҳидоят кардани фарзандонашон ба сари кӯдакони хурдсол даст мебардоранд, агар кӯдак кореро нодуруст анҷом диҳад, беодобӣ кунад ё ба гапи калонсолон гӯш надиҳад, ӯро мезананд ва ҷазо медиҳанд. Ин амал комилан ғалат буда, зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакон ба шумор меравад.
Волидон бояд донанд, ки мувофиқи Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, хоса зӯроварии ҷисмонӣ қатъиян манъ мебошад.
Зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак чист?
Зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гуфта, ҳолатҳоеро дар назар доранд, ки калонсолон қувваи ҷисмонии худро нисбат ба кӯдакон истифода мебаранд. Фарз кардем, ки кӯдаки хурдсол тасодуфан чой ё шарбатро резонд ва падар ё модараш ҳамчун ҷазо ба дасташ заданд. Ин алакай зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак мебошад. Сахт ё суст будани зарбаи ба кӯдак расонидашуда муҳим нест, ҳатто як шаппотии ба рӯйи кӯдак задаи волидон ё шахси дигари калонсол худ алакай як шакли зуҳури зӯроварӣ алайҳи кӯдакон мебошад.
Мутаассифона, бархе аз падару модарон дар тарбияи фарзандонашон бениҳоят сахтгирӣ намуда, кӯдаконро барои хатоҳои кӯчак ҳатто бо мушту лагад мезананд, дар ҳоле, ки чунин амалҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон тибқи қонун қатъиян манъ карда шудаанд.
Падару модарони азиз! Дар ёд дошта бошед, ки ҷазо додан, задан, пӯчидан, латукӯб кардан ва тарсонидани кӯдакон ҳатто бо мақсади тарбият намудан қатъиян манъ аст. Касе, на падару модар, на бобою бибӣ, на муаллимон ва на ягон шахси дигар ҳуқуқ надорад, ки ба сари кӯдакон даст баланд кунад, нисбат ба кӯдакон зӯроварии ҷисмониро истифода барад ё ҳуқуқҳои инсонии кӯдакро поймол намуда, шаъну шарафашро паст занад. Барои тарбият намудани кӯдакон аз роҳу усулҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.