Ману шавҳарам аз сабаби бефарзандӣ кӯдакеро ба фарзандхондагӣ қабул кардем. Вале ин кӯдак беникоҳ таваллуд шудааст. Зани ҳамсоя мегӯяд, ки кӯдаки валадуззино дӯзахӣ аст. Оё ин дуруст аст?
Ҳабиба, ш. Душанбе
Хоҳари азиз, хуб кардед, ки як тифли зиндаятимро ба фарзандӣ қабул карда, ба ӯ меҳру муҳаббати модарона медиҳед.
Шумо барои фарзанд хондани ин тифл ва тарбияи ӯ гунаҳкор намешавед, чунки кори хайру савоб кардаед, на гуноҳ.
Дар масъалаи дӯзах ва биҳишт бошад, ҳаминро гуфтанием, ки ҳама чиз дар дасти Худованд аст ва касе дақиқ намедонад, ки кадом инсон баъди маргаш ба биҳишт мераваду рӯҳи киро Худованд ба азоби дӯзах гирифтор месозад.
Дар маҷмӯъ, дар масъалаи фарзанди валади зино, ки дар байни мардуми мо бо номи ҳаромӣ маъмул аст, андешаи фақиҳон ё муфассирон гуногун аст. Баъзеҳо бар он андешаанд, ки онҳо ҷаҳаннамӣ ҳастанд, баъзеи дигар мегӯянд, ки ҳамааш дар дасти Худованд аст ва Парвардигор ҳар муомилае, ки мехоҳад, бо онҳо анҷом медиҳад, чунки дар тавлиди тифли бе никоҳ падару модараш гунаҳкоранд, на фарзанд.
Раёсати фатвои Маркази исломӣ