arzon replenishment
КӮДАКИ 3-СОЛА ДАР ЗЕРИ ПОРТЕР МОНДУ...
1825


Кӯдакони хурдсол ба назорати доимӣ ниёз доранд, зеро ҳатто як лаҳзаи кӯтоҳӣ фориғболии калонсолн метавонад ба сари атфол ягон фоҷиаи талхро оварда, дар дили волидон доғи абадӣ ниҳад.

Ҳодисаи нохуше, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Вилояти Хатлон рӯй дод, делали равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохила аз ҳалокати як кӯдаки 3-сола дар зери чархи Портер хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, садама тахминан соатҳои 11.30 сар зада, ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Портер” Ҷумъаназар Эшназаров ҳангоми ҳаракат намудан дар ҳудуди роҳи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҷаллиддини Балхӣ аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, писарчаи 3-сола Абдураҳмон Нурмуҳаммедовро зер мекунад. Кӯдаки хурдсол захмҳи зиёде бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки нисбати фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд ва кӯдакони хурдсолро ҳаргиз танҳо ва беназорат нагузоранд. Ронандагон низ бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳ бисёр эҳтиёткор бошанд, то ҳаёти худ ва дигаронро ба хатар мевоҷеҳ насозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД