Formula novemver 2024
Кӯдаки 2-сола зери чархи трактор монд
1157


Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ аксаран боиси сар задани фалокат ва фоҷиаҳои хунин мегардад. 

Бадбахтона, гоҳо дар ин ҳодисаҳо кӯдакони хурдсол низ зарар мебинанд ва ҳатто ҷони худро аз даст медиҳанд. Сарнавишти талхи Мустафои дусола, ки акнун шеваи роҳ гаштанро мемӯхт, аз қабили чунин фалокатҳои тақдирсӯз аст...

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як садамаи хунин дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки бар асари он як тифлаки номурд ҷони ширини худро аз даст дода, фиғону нолаи ҷигарсӯзи волидони фарзандгумкарда синаи фалакро мешикофад. Кӯдаки маъсуме, ки бар асари ин рӯйдоди хунин риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ канда шуда, ҷони ширинашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурдааст, ҳамагӣ ду сол доштааст.
Тавре ки манбаъ менависад, ин ҳодисаи хунин рӯзи 25-уми феврал, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа сар зада, ронандаи трактори тамғаи «МТЗ-2857», Ситамов Нодирхон Сафарович, соли таваллудаш 1978, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти зеркӯчаи Помир ба самти кӯчаи Помири ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ҳалимов Мустафо Ҷамшедович, соли таваллудаш 2020, сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст.
Кӯдаки хурдсол дар натиҷаи садамаи қисматсӯз захм ва ҷароҳатҳои зиёде бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҷисми бе ҷон ва дар хуну халаф ғарқи Мустафои хурдакакро падару модар ва ҷамъи пайвандонаш бо нолаи зор ба хосу супурданд...
Тафтиши сабабҳои садамаи маргбор аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД