Arzon march 2024
Кӯдаки 2-сола аз лату кӯби падар ба кома афтид
3431


Як марди бадҷаҳл фарзанди 2-солаашро чунон бераҳмона лату кӯб кардааст, ки кӯдаки бечора ба кома афтода, байни маргу зиндагӣ қарор дорад. Тавре ки модари бача гуфтааст, шавҳараш соҳиби маълумоти олӣ буда, ба ҳайси омӯзгор кор мекунад.


Аз рӯйи нақли зан, рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш вай аз паси як кори муҳим рафта, фарзандонаш, ки яке 1-сола ва дигарӣ 2-солаанд, дар хона бо падарашон танҳо буданд. Вақте ба хона бармегардад, зан кӯдаки дусолаашро дар рӯйи замин хобида пайдо мекунад, вале аз тарси шавҳараш тифлакро ҳатто ба беморхона бурда наметавонад. Танҳо рӯзи дигар баъди ба кор рафтани шавҳараш модари бадбахт ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, табибонро аз ин ҳодиса хабардор кардааст.

падар кӯдакро мезанад
Табибон дар бадани кӯдак пай ва изҳои зиёди сиёҳу кабудро, ки осори лату кӯби бераҳмона буданд, пайдо кардаанд. Бар асари мушту лагади падар майнаи сари кӯдак сахт лат хӯрда, ҳамчунин қисмати рости рӯяш зарар дидааст. Осори харошидагӣ дар гардани кӯдак низ ба назар мерасад. Айни ҳол тифлак дар ҳолати “кома” қарор дорад.


Марде, ки фарзандашро ба ин ҳол расонидааст, муаллим буда, дар маҳаллаи “Теракли”-и ноҳияи Деҳконободи Узбекистон зиндагӣ мекунанд.
Тавре ки uznews мегӯяд, айни замон нисбати ин падари лозим парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД