Вилям Ҷеймс дар оилаи муҳоҷирони яҳудитабори Бердичеви Украина зода шудааст. Волидайнаш мехостанд аз ӯ нобиғае ба воя расонанд.
Уилям дар 18-моҳагӣ рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс»-ро хонда метавонист. Дар 6-солагӣ ӯ даҳрӣ (атеист) шуда, то синни 8-солагӣ 4 китоб навиштааст.
Дар 11-солагӣ ба шуъбаи таҷрибавӣ барои кӯдакони боистеъдоди Донишгоҳи Гарвард дохил шуд. Оғози соли 1910 фаҳмишу дониши математикаи олии ӯ ончунон амиқ гашт, ки ӯро барои хондани лексия доир ба фазои чорченака ба клуби математикҳои Донишгоҳи Гарвард даъват намуданд.
Баъдан Уилям ба мактаби олии санъат ва илми Гарвард дохил мегардад. Ӯ донандаи забонҳои лотинӣ, юнонӣ, ибрӣ, олмонӣ, русӣ ва фаронсавӣ буд.